Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

САБАҚИ АВВАЛИН

Намедонам, мусиқӣ чӣ сеҳре дорад, ки оҳанги фораму дилрабои он ҳушу ёдамро рабуда, мафтун мекунад. Ман бо чашмони нимпӯш сукут карда менишинаму дар зери мавҷҳои савти ҳаяҷонбахш, шӯхҷанг ё форами аллагӯии он соатҳои дароз ба баҳри фикру хаёл ғутавар мешавам, дам солҳои бебоқии кӯдакӣ, дам ҷавонии пурҷӯшу хурӯш ва дам одамони ба дил азизамро дар пеши назар тасаввур менамояму мондашавиамро фаромӯш мекунам, дам мегирам.

Ҳамаи аҳли хонаводаамон дилбастагии маро ба мусиқӣ хуб медонистанд ва ҳангоми сар то по гӯшу ҳуш шуда мусиқӣ шуниданам кӯшиш менамуданд, ки ба ман халал нарасонанд. Танҳо духтарчаам Гуландоми чингиламӯю шӯх, эркаю нозпарвар ин майлу ҳаваси маро ба эътибор намегирифт: вай бо болғачаи қандмайдакунӣ ба лаълӣ ва ё сатилча зада, садои дилбеҷокунандаи онро бо садои мусиқӣ ҷӯр мекард.

Ман норозиёна сар мебардоштам, вале сар ҷунбондаю қош парронда «мусиқӣ» навохтани Гуландомро медидаму оташи ғазабам паст мешуд. Ноилоҷ наздаш мерафтам ва мӯйҳои чингилашро силакунон бо илтиҷо мегуфтам:

  • Духтарам, мон камтар мусиқӣ гӯш кунам. Ман бисёр монда шудам...
  • Ин ҳам мусиқӣ-ку, - мегуфт Гуландом чашмонашро калон кушода.
  • Ана гӯш кунед.

Вай бо болғача боз ба сатил ё лаълӣ бошиддат мезад ва садои аз пештара ҳам дабардӯққию гӯшхароше мебаромад.

  • Хуб-а, дадо? - мепурсид Гуландом аз «мусиқӣ» эҷодкардааш ба завқ омада. - Ман ҳам мусиқачӣ мешавам. Майлаш?
  • Майлаш, духтарам, майлаш, - ҷавоб медодам ба ӯ.
пешина
аз 349
навбатӣ