Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман намехонам?
  • Мехонӣ, лекин кам, кабӯтарҳоро тамоми рӯз аз рӯи дастат раҳо намекунӣ. Ба «2» гирифтанат ҳам кабӯтарҳо сабаб шуданд.
  • Бечора кабӯтар, номи некаш ҳам ба бадӣ баромад.
  • Номи некаш?
  • Ҳа, номи некаш.
  • Боз ин чӣ хел номи нек будааст?
  • Чӣ, намедонед?
  • Ҳаминашро медонам, ки кабӯтарро кабӯтар меноманд, дар баъзе ҷойҳо кафтар ҳам мегӯянд...
  • Не, наёфтед.
  • Чиро наёфтам? Номи кабӯтарро?
  • Не, худи кабӯтарро... худашро чӣ мегӯянд?
  • Худашро?
  • Ҳа, худи кабӯтарро.
  • Надонам...
  • Рамзи сулҳ, рамзи амонӣ меноманд. Шумо бошед, кабӯтарро бадном мекунед! Шумо чӣ, муқобили сулҳ, муқобили амонӣ?
  • Ҳай, ҳай, аз даҳонат шамол барад, ин тавр нагӯй, ки гуноҳ мешавад, бачем...

Ҳамин вақт Ғаюр кабӯтареро дар ҳаво дид, ки ҳамвор парвоз карда, поён мефарояд. Ғаюр аз рӯи суфа ҷаҳида ба ҷӯяки гулҳо фаромаду кафи дасташро ба ҳаво дошта истод. Кабӯтар ҳам гӯё маътали ҳамин ишора буд, ки зуд сарнишеб омада, рафта ба кафи дасти Ғаюр нишаст.

  • Боз кабӯтар! - гуфт Ҳанифахола оҳ кашида.
  • Ин қадар кабӯтарро чӣ мекарда бошад?

Ғаюр аз ҳалқаи пои кабӯтар хатчаеро баровард, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Ту навиштӣ, ки модаркалонам намемонанд кабӯтар нигоҳ дорам... Ман ҳозир ба маркази ноҳия меравам, дар аснои роҳ як сари қадам назди модаркалонат медароям. Мехоҳам,

пешина
аз 349
навбатӣ