Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
мондам, «бедор шуда» худро дар беша дидам. Ман ба обу арақи сару рӯям нигоҳ накарда, сӯи даста давида мерафтам. Баногоҳ касе фарёд кард ва ман ҳиққоззанон дар як ҷо истода мондам, забонам гирифта буд. Аз куҷо буд, ки дар назди ман Ходул Афанасиевич ва боз чанд нафар ҷанговарони дигар ҳозир гардиданд. Ходул Афанасиевич кабӯтари ба хуни писараш оғӯштагардидаро ба як дасташ гирифта, бо дасти дигараш онро сила мекарду худаш бо чашмони гиряолуд ба ман менигарист. Ман овоз бароварда натавонистам, нафас гулӯгирам мекард.
Ходул Афанасиевич наздиктар омада, маро ба оғӯш кашида, ба зӯр овоз баровард:
- Гиря накун, писарам... ман... фаҳмидам... ин хун...
Аз чашмони ҷанговарон қатра-қатра ашк ҷорӣ шуд. Онҳо рӯи худро ба тарафи дигар гардонда, паст-паст гиря мекарданд.
Ходул Афанасиевич кабӯтари хунолудро дида, чӣ воқеа рӯӣ доданашро пай бурдааст ва бо чанд нафар ҷанговарон ба пешвози ман баромадааст.
Мо ғамгину мотамзада ба даста баргаштем. Сари ҳама хам буд ва аз марги фоҷиавии Гритскои ҷасур ашки ҳасрат мерехтанд. Лекин ҳоло дар чеҳраи Ходул Афанасиевич осори ғаму ғусса дида намешуд - вай аз шиддати кинаю адоват муштонашро сахт фушурда, бо чашмони ғазаболуд сӯи деҳа менигарист, ки дар он ҷо ҷигарбандаш Гритско ба хун оғушта мехобид.
Ходул Афанасиевич ба ҷанговарон рӯ оварда, калимае ба забон нагирифта, дасташро баланд бардошт. Онҳо гӯё маҳтал ба ишора буданд, ки зуд ба атрофи Ходул Афанасиевич ҷамъ омаданд.
- Ана ҳамин тавр, рафиқон... - сар кард ӯ. Бешаи асрорангез, гӯё аз хоби гарон якбора бедор шуда бошад, суханони ӯро ҳиҷо ба ҳиҷо такрор кард. - Имрӯз Гритско қурбон шуд. Фардо Ивану Ходул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё