Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданАфанасиевич ҷони худро нисор хоҳанд кард. Ҳамин тавр шуданаш ҳам даркор. Мубориза барои озодӣ бе қурбонӣ намешавад. Мо боз садҳо Гритско, Иван ва Ходул Афанасиевичҳоро қурбон медиҳем, лекин аз душман як бар даҳ қасос мегирем!
- Қасос! Қасос! Қасос! - фарёд карданд ҷанговарон. Дар беша акси садо паҳн шуда рафт:
- Қасос! Қасос! Қасос!
- Марг ба марг, хун ба хун! - нидо кард Ходул Афанасиевич бо садои ҳузарби ниқотталабона. Ҷанговарон такрор карданд, бешаи асрорангез ҳамовоз шуд:
- Марг ба марг, хун ба хун!
Тоқаҳо тоқ, косаҳои сабр лабрез шуд. Ҷанговарони ба ҳаяҷон омада тайёр буданд, ки худи ҳозир ба деҳа зада дароянд, душмани хонумонсӯзу хунташнаро бераҳмона ҷазо диҳанд. Инро на фақат Ходул Афанасиевич, балки мани хурдсол ҳам ҳис намуда, қувват пайдо кардам. Ҳамин ки рӯз торик шуд, мо ба роҳ баромадем ва баъди се соат дар паси чакалакзори деҳа қарор гирифтем. Барои он ки ягон нафар фашист аз ин ҷо ҷон ба саломат набарад, ба ҳамаи роҳҳо одам мондем. Партизанҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда, фармон гирифтанд, ки ҳама дар як вақт ва баробар ҳуҷум кунанд.
Вақте ки партизанҳо фашистонро иҳота карда, оташ кушоданд, аҳолии деҳа низ ба по хеста, дос, белу каланд ва тешаву табарро ба кор дароварданд. Фашистони хунмаст яксар торумор карда шуданд. Мо Гритскои ҷасурро дар рӯи ҳавлӣ, дар ҳамон ҷои ба хун огушташудааш дафн кардем. Аҳли деҳа бошад, бо молу ҳоли худ ҳамроҳи даста ба дарунтари беша даромада рафт.
Ходул Афанасиевич ба ҷои Гритско маро писар хонда, то ба ҳадди ба камол расиданам чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда омад. Аз байн солҳо гузашт. Ман лейтенант - сарҳадбон шудам. Ҳоло Ватани муқаддасамонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё