Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Масъалаи мактаб, хондани кӯдакон чӣ мешавад?
  • Мактаб манъ карда мешавад! - гуфт комендант хитоб карда.
  • Ҳеҷ кас набояд китобҳои шӯравиро хонад, - агар хонад, ҷазо мебинад! Боз кӣ савол дорад?

Байни худ пичир-пичир гап задани мардум сар шуд, лекин ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба комендант савол диҳад.

Он гоҳ комендант ба Степан муроҷиат кард:

  • Шумо гап мезанед?
  • Не, ман сухан надорам, - сар ҷунбонида гуфт Степан.
  • Набошад, пароканда шавед! - фарёд зад комендант ба издиҳом нигариста.
  • Ба хонаҳои худ равед!

Издиҳом пароканда шуд, обер-лейтенант ба Степан рӯ оварда пурсид:

  • Арбоб, дар деҳа чанд хоҷагӣ, чӣ қадар гову гӯсола, бузу гӯсфанд, хук, парранда ҳаст?

«У лаънатие, - гуфт Степан дар дил ба худаш - ҳанӯз ба кор сар накардааму аллакай ҳисобот мепурсад-а». Вай абрувонашро чин карда ва паси сарашро хорида гуфт:

  • Роҳбарони колхоз то омадани шумо ҳар чизеро, ки метавонистанд, ҳамроҳи худ ба ақибгоҳ бурданд. Он чизе ки дар деҳа мондааст, барои ман ҳанӯз маълум нест.

Комендант ба таъкид гуфт:

  • Албатта ба ҳисоб гиред!

Фашистон бо ғанимати ба даст овардаашон аз деҳа баромада рафтанд, Степан бошад, боз хеле вақт фикру хаёл карда дар идора нишаст: вай арбоби деҳа таъйин шуданашро интизор набуд ва ҳоло чӣ кор кардан ва ба аҳолӣ, ки албатта ӯро саволборон мекунад, чӣ ҷавоб доданашро намедонист.

пешина
аз 349
навбатӣ