Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

II

Степан қариби шом аз идора баромада, бо Ми-ша-бобо рӯ ба рӯ шуд.

  • Фарҳмидам, ки дар идора ҳастӣ, як сари қадам ба наздат равам, аҳволпурсӣ кунам, гуфта омадам, - гуфт Миша-бобо, - Охир, калони немисҳо бо ту хеле сӯҳбат кард...

Степан бо Миша-бобо ҳамчун бо падари худ му-носибат карда ҳамеша ва дар ҳама ҷо иззату икроми пирамардро ба ҷо меовард. Вақтҳое, ки Степан аз кор монда, дилтанг мешуд, назди Миша-бобо меши-тобид. Пирамард дар давоми шасту нӯҳ соли умри худ воқеаҳои бисёреро аз сар гузаронида, ба гуфти худаш, тасодуфан зинда монда буд. Охир, Ҷанги якуми ҷаҳон ва ҷанги гражданӣ низ ҳазл набуданд. - Қатли ом, гуруснагӣ... Бародар бародарро, падар писарро донистан намехост. Дар ҷанги гражданӣ дар яке аз муҳорибаҳо Миша-бобо бо писараш Володя, ки кайҳо боз ба тарафи гвардиячиёни сафед гузашта буд, рӯ ба рӯ мешавад. Вай дар лаҳзае, шамшерашро баланд бардошта, ба гардани душман задан мехост, овози Володя, ки «Падар, ин туӣ?» мегуфт, шунида, суст шуда монд. Вай зуд худро ба даст гирифта, ба Володя бонг зад: «Сагбачча! Падарат барои халқи меҳнаткаш мубориза мебараду ту барои синфи доро? Канӣ, гап зан?». «Падар, биё, аз майдони ҷанг меба-роем ва дар танҳоӣ гап мезанем. Фаҳмидӣ?». «Хуб, - розӣ шуд падар, - ман аспамро ҳо ана ба сӯи он чакалакзор медавонам, ту гӯё маро таъқиб мекарда бошӣ, шамшератро дар болои сарат чарх занонда аз паи ман давонда биё. Канӣ зудтар!».

Онҳо ҳамин хел ҳам карданд: Михаил гӯё аз душман мегурехта бошад, аспаро чорхеззанон сӯи

пешина
аз 349
навбатӣ