Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Бовар мекунам, Степан, - дилсӯзона гуфт Миша-бобо. - фашистони бадкирдор аз дарранда ҳам даррандатаранд, онҳо ба ин ҷо барои сила кардани сари мо не, балки барои сар задани мо, талаю тороҷи мулкамон, таҷовузи зану духтаронамон омадаанд...
- Ташаккур ба бовариатон, лекин мардуми деҳа...
- Оре, мардуми деҳа росту дурӯғ лаққидан мегиранд, - даҳони онҳоро баста намешавад, лекин вақташ меояду ҳақиқатро фаҳмида ба ту раҳмат ҳам мегӯянд.
Степан ба пирамард хайрухуш карда, роҳашро давом дод. Ва се зани деҳаро вохӯрд, ки аз хусуси ӯ гап зада меомаданд.
- Ана худаш, - гуфт яке аз онҳо, - хӯруси миқоркаҷ барин-е.
- Боз нӯл назанад? - гуфт бо табассум дуюмин.
Сеюмин илова кард: - Чӣ ҷои тааҷҷуб, албатта нӯл мезанад, набошад фашистон ӯро арбоб таъйин мекарданд?
Степан суханҳои онҳоро, ки баланд-баланд баён мекарданд, шунида, дар дил гуфт: «Ана хӯрус ҳам шудем, боз каҷминқор-а! Эҳтимол, пас аз ду-се рӯз ба гургу паланг шабоҳат диҳанд». Онҳо ба ҳамдигар баробар шуданд. Ҳамон зане, ки ӯро «хӯруси минқоркаҷ барин» гуфта буд, аҳмақона табассум карда, гап зад:
- Вазифаи нав муборак шавад, рафиқ Сабуров.
Зани дуюм:
- Ана-мана нагуфта шояд ба сари синааш салиб ҳам овезанд.
Зани сеюм: - Салиб-ку ҳеҷ гап не, боз худашро наовезанд гуфта метарсам.
Ҳар се баланд-баланд хандиданд.
Зани якум:
- Степан беасо буд; дар роҳ гаштан азоб мекашид, хайрият, фашистон омаданду ба вай асо шуданд. Ана бубинед, қариб намелангад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё