Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Степан оташин шуда ниҳоят бонг зад:

  • Ҳамон забонаката гунда газад, Маша! Чаро таги гапро нафаҳмида ҳарчӣ лаққидан мегирӣ? Дониста мон: наздик ё дер, ман аз ин вазифа даст мекашам ва он гаҳ мебинем, ки дар пеши арбоби нав чӣ хел рақс мекунӣ. Степан роҳашро давом дод.

Зани дуюм:

  • Шояд ӯро беҳуда ранҷондем?

Зани сеюм:

  • Аз афташ, ӯро маҷбуран арбоб таъйин кардаанд. Степан, ки ин суханҳоро мешунавид, роҳ мерафту худ ба худ мегуфт: «Баддаҳоно, барои онҳо фақат баҳона бошад, ки аз худашон ҳар чӣ бофта гап задан гиранд».

Дар назди дари ҳавлиаш истод. Аз даруни ҳавлӣ овози занҳои ношинос шунида мешуд. Онҳо низ номи ӯро ба забон гирифта, ба занаш Варвара сӯҳбат мекарданд. Степан ҳам ба ҳавлӣ даромаду чор нафар зан ӯро иҳота карданд ва яке аз паси дигар мегуфтанд:

  • Ана худи арбоб.
  • Канӣ, гап зан, бо кадом умед мо туро чанд маротиба вакили шӯрои деҳа интихоб кардем? Барои он ки ба душмани разили мо - фашистон ҳамкорӣ кунӣ, дар ғорат ва несту нобуд кардани молу мулкамон, куштани фарзандони содиқи ватанамон ба онҳо мадад расонӣ?
  • Боз ин кас коммунист будаанд.

Зани чорумин бошад, наздиктар омада, ба рӯи Степан туф карду ба ҳавлӣ баромада, таққосзанон дарро сахт пӯшид. Се нафар зани дигар ҳам Степанро дашном дода баромада рафтанд.

Занҳо яке аз паи якдигар ва чунон тез гап заданд, Степан ҳатто фурсати ҷавоб додан ёфта натавонист. Ин вақт занаш Варвара, ки яке аз беҳтарин муаллимаҳои ботаҷрибаи мактаби деҳа буд, наздаш омада бонг зад:

пешина
аз 349
навбатӣ