Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Ҳамин лаҳза худи Андрейка ба хона даромада омад. Степан ба писараш меҳрубонона нигариста, дар дил ба худаш гуфт: «Ҳамин хел як бачаи зиндадилу шӯх бо дидани фашистон ва кирдори онҳо дамаш ба дарун зада, гули пажмурда барин шуда монд». Вай сари Андрейкаро навозишкорона сила карда гуфт:
-
Акнун дар бевақтиҳо ба кӯча баромадан хавфнок аст, писарам, гуфтан ҳоҷат не; охир ту бачаи калон шудаӣ, ҳафт синф маълумот дорӣ ва ба ҳама чиз сарфаҳм меравӣ.
-
Ба ҳар ҳол эҳтиёт шав, Андрейка, - дар навбати худ Варвара ҳам таъкид карда монд. - Дар хунхори фашисту дарранда фарқияте надоранд, хурду калон нагуфта, сар мезананд, мепарронанд, ба дор мекашанд.
Тамоми шаб хоби Степан набурд. Вай фикр карда баромад. Степан ба ақидаи худаш, ки шаҳрванди шӯравӣ аст, манфиати халқу давлатро аз манфиати шахсиаш болотар медонист ва ҳеҷ гоҳ ба зарари Ватани муқаддаси худаш амал намекунад, мустаҳкам меистад. Ин ҳаминро мефаҳмонад, ки вай ҳеҷ гуна супориши фашистонро иҷро намекунад ва баръакс, барои аз онҳо қасос гирифтан муборизаи бераҳмона мебарад. Лекин ноомади корро бубинед, ки лаънатиҳо ӯро арбоби деҳа таъйин карданд ва бо ҳамин ӯро бе ресмон дар як ҷо баста монданд. Аз деҳа гурехта рафтан даркор. Илоҷи дигаре нест. Лекин ба куҷо? Гап-гап ҳаст, ки дар ҳар ҷо дастаҳои партизанӣ ташкил гардида, гурӯҳҳои пинҳонии партиявию комсомолӣ барпо шуда истодаанд. Ана бо онҳо алоқа карда, ҳамроҳ ба муқобили душман мубориза бурдан даркор.
ПАС аз наҳорӣ ба кӯча баромада, роҳи идораи шӯрои деҳаро, ки ҳоло управа ном дошт, пеш гирифт. Яке ба ӯ бозӯр салом медод, дигаре рӯяшро гардонида мегузашт, сеюмин - мард ва ё зани наштарзабон ва тундмиҷоз «хоин», «ватанфурӯш» ва ё «саги бе занҷир»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё