Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

банд» мегуфтанд. Онҳо Варвара Михайловнаро низ осуда нагузоштанд. «Ту чӣ хел муаллима - одамшинос ҳастӣ, ки солҳо бо ин махлуқи ноҷинс зиндагӣ карда, ботини ифлоси ӯро фаҳмида натавонистӣ?» мегуфтанд. Варвара ҳарчанд одами пок будани Степан ва ба вазифаи арбобии деҳа зӯран таъйин карда шуданашро исбот кунад ҳам, гапашро ба эътибор намегирифтанд. Ҳамаи ин кам набуд, ки қарибии нисфирӯзӣ Андрейка бо чашмони гирён ба хона баргашт. Варвара даррав фаҳмид, ки бачаҳои деҳа Андрейкаро барои падараш шуда таъна кардаанд ва ба бозӣ роҳ надодаанд.

  • Гиря накун, писаракам, - гуфт Варвара Андрейкаро дилбардорӣ дода, - падарат аз аҳли оилаи онҳо дида бештар ба халқу ватанаш содиқ аст, фашистон ӯро маҷбуран арбоби деҳа таъйин кардаанд, агар «не» гуфта гапашонро мегардонд, ҳамон лаҳза мепарронданд... Ба ҳамин минвол чанд рӯз гузашт. Шанбеи ҳафтаи дуюм, гашти рӯз, мошинаи боркаши болопӯшидае омада, дар назди идораи управа қарор гирифт ва аз он ду нафар политсай ва ду нафар гестапочӣ фаромаданд.

  • Моро комендант назди ту фиристод, бояд як хуки фарбеҳ ёфта диҳӣ, - гуфтанд онҳо. - Зудтар ҳаракат кун, ки рӯз бевақт шуд.

Степан онҳоро ба хонааш гирифта овард, бо карамшӯрбо, арақи дастӣ зиёфат кард. Сонӣ Варвараро ба даҳлез ҷеғ зада гуфт:

  • Комендант онҳоро назди ман фиристодааст, ки як сар хук ёфта диҳам.

Варвара тааҷҷуб карда пурсид:

  • Магар хук чизест, ки кофта меёбанд?

Степан хандид.

  • «Кофта ёбад» гуфтани комендант маънои «аз ягон оилае зада гирад»-ро дорад, - фаҳмонд ӯ, - лекин дар ҳамин вазъияте, ки ҳозир ман дар деҳа ба он
пешина
аз 349
навбатӣ