Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан
  • Падаратро интизор шуда, хӯроки пешинро нахӯрдаем, - гуфт ӯ ба Андрейка. - Ҳоло ҳам дарак не. Чӣ шуд ба вай?

  • Шояд ба хонаи ягон кас даромада, гап зада нишаста бошад, - гуфт Андрейка.

  • Медонӣ, ки падарат ба хонаи ҳар кас намедарояд, ёрӯ ӯраҳояш кӯчашона бардошта, ба ақибгоҳ рафтаанд.

  • Миша-бобо чӣ? - пурсид Андрейка.

  • Рост гуфтӣ, - тасдиқ кард Варвара Михайловна, - падарат Мишабоборо ҳурмат мекунад ва зуд-зуд наздуш медарояд, онҳо гапи ҳамдигарро хуб мефаҳманд.

Галя қариб буд, ки гиря кунад, - вай сарашро яктарафа хам карда, бо овози гирифта гуфт:

  • Оча, ман гурусна.

  • Ман ҳам, - гуфт Надя ва ба Андрейка чашм дӯхт, гӯё бо ин ба акояш мегуфт: «Ту ҳам гап зан, охир мо гурусна-ку».

  • Ҳозир, фарзандонам, падаратонро дигар интизор намешавем, - гуфт Варвара Михайловна ва ба Андрейка фармуд, - ҳамроҳи ман биё, косаи худату Надяро гирифта биёр.

Модару писар ба ошхона рафтанд ва чор коса карамшӯрбо оварда, рӯи миз гузоштанд. Ин вақт Степан ҳам даромада омад. Вай бо лабони пуртабассум аз Варвара пурсид:

  • Косаи ман канӣ? Гумон кардед, ки ман барнамегардам?

  • Ин хӯроки пешинӣ, - ҷавоб дод Варвара, - дидам, ки даракат нест, шӯрборо кашида овардам: бачаҳо гурусна монданд. Ҳозир барои ту ҳам мебиёрам.

Варвара Михайловна ба ошхона рафт, Степан ба Андрейка чашмак зада гуфт:

  • Канӣ гап зан, аскарбача, зиқ нашуда нишастаӣ? Ба кӯча баромада будӣ?
пешина
аз 349
навбатӣ