Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Пас, гӯш кунед, - гуфт ӯ, - «Бородино».
«Кани, гӯй, охир, амак, бесабаб ин -
Набуд: Маскави сӯхта, сахт захмин
Ба дасти фарангӣ қушунҳо.
Задухӯрдҳое шуда низ барпо,
Ки гӯянд, аҷаб сахт буданд онҳо:
Вале, бесабаб не, ки Бородиноро
Ба ёд оварад Рус ҳар гоҳ!».
Надя сухани Андрейкаро бурида пурсид:
- Акнун чӣ? Маскавро ба немисҳо медиҳанд?
- Ҳеҷ гоҳ! Фаҳмидӣ? - гуфт Андрейка чашмонашро калон кушода, - Вай замони дигар буд, бо вуҷуди он фаронсавҳоро чунон боб карданд, ки овозааш ҳозир ҳам қатъ нагардидааст.
Давомашро гӯш кунед.
Бале, одамоне дар он давр буданд,
Касони тавонову зӯру тануманд.
Ҳама паҳлавон. - Чун шумо не!
Чунон талх будаст тақдири онон,
Ки аксар нагаштанд аз ҳарбу майдон.
Намебуд агар амри яздон, ба хасмон
Куҷо буд Маскавситонӣ.
Андрейка чашмашро аз китоб канда, илова кард:
- Ин ба мо дахл дорад, бояд ислоҳ шавем ва баробари калонсолон ба муқобили душман мубориза барем.
Андрейка шеърро бурро ва бо рӯҳияи баланд мехонд. Галя ва Надя бошанд, зиқиашонро фаромӯш карда, тамом ҳушу гӯш шуда, аз акояшон чашм намеканданд.
Андрейка ҳам шеърро хонда шуду ба хона Варвара Михайловна даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё