Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ногаҳон ғуррише баланд гардида, дар роҳи мошингард ду мотосикли сечарха намудор шуд. Степан гурехтан хост, вале аллакай дер шуда буд. Политсаю немисҳо мотосиклҳояшонро дар сари роҳ гузошта, назди Степан омаданд. Степан ҳам худро ба даст гирифта, ба истиқболи онҳо равон шуд. Яке аз политсайҳо пурсид:

  • Кани, ҳуҷҷатҳоятро барор. Куҷо меравӣ?
  • Ман арбоби деҳаи Боровская, бо коре назди худи коменданти шаҳр меравам, - гуфт Степан ва маълумотномаро дар бораи арбоби деҳа таъйин шуданаш ба фашистон дароз кард. Политсай маълумотномаро аз назар гузаронида, ба фашист ким-чӣ гуфт. Бо фармони немис Степанро ба мотосикл шинонда, ба деҳаи Рогачово баргардонда оварданд.

Политсайҳо бе ягон пурсиш Степанро дар таҳхонаи бинои управа ҳабс карда, дарашро қулф заданд. Вай фикр карда, худ ба худ мегуфт:
«Агар комендант ба дасти ин сагбачаҳо афтадонамро фаҳмад, албатта фармон медиҳад, ки фавран маро назди ӯ гирифта бубаранд. Он гоҳ корам тамом: ё мепарронанд ё меовезанд».

Аз байн хеле вақт гузашт. Аз ин пештар Степан гӯшашро ба дар ҷафс карда, гуфтугӯи политсайҳоро мешунид: онҳо тез-тез назди таҳхона омада, қулфро дида мерафтанд. Лекин зиёда аз ду соат шуд, ки садои поймони ва овози политсайҳо шунида намешуд. Як вақт овозеро шунида гӯшашро ба дар ҷафс кард. Зане ба марде мегуфт:

  • Мо онҳоро чунон маст кардем, ки мондан гир, - мегуфт зан ба мард, - фурсатро аз даст додан мумкин не, зудтар табарро гиру қулфро зада шикан...
  • Ҳозир, - гуфт мард ва ба дар наздик шуда, бо зарбаи табар қулфро зада шикаст ва дари таҳхонаро боз карда хитоб намуд:
  • Кани баро, бародар.
пешина
аз 349
навбатӣ