Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Степан дақиқае чанд ҳеҷ чиз гуфта натавониста, ба наҷотдиҳандагонаш нигарист: вай намедонист, ки барои ин кори нек ба онҳо чӣ гӯяд. Дар рӯ ба рӯи ӯ пирамард ва ду нафар зан меистоданд. Вақте ки ба берун баромаданд, занҳоро шинохт: онҳо рӯзона ба вай хонаи Даниел Петровичро нишон дода буданд. Яке аз онҳо гуфт:

  • Вақте ки ту Даниел Петровичро пурсидӣ, мо фикр карда, ба якдигар гуфтем, ки ин одам ҳам монанди Даниел Петрович коммунист аст ва эҳтимол ӯро ё партизанҳо ва ё гурӯҳи ҳизбии пинҳонкорон ба ин ҷо фиристодаанд. Пас дар фикри халос кардани ту шуда, политсайҳою немисҳоро ба шабнишинӣ даъват намуда, маст кардем. Акнун тақдират ба худо, зудтар аз ин ҷо ғайб зан.

  • Ташаккур ба шумо, ташаккур, - танҳо гуфта тавонист Степан ва ба роҳ даромаданӣ буд, ки зани дуюм рӯмолчаи гиреҳбастаеро бо маводаш ба вай дароз карда гуфт:

  • Камтар нон, гӯшту равған...

  • Олам бе одами нек намешавад, мегӯянд, ки рост аст, - гуфт Степан тугунчаро аз дасти зан гирифта. - Ман то даме ки зинда ҳастам, шуморо фаромӯш нахоҳам кард.

Степан аз деҳа баромада зудтар худро ба беша зад. Танҳо акнун ҳис кард, ки хеле гурусна аст. Лекин дар канори беша истоданро ҷоиз надониста, роҳашро давом дод. Ҳамин ки ба дарунтари беша расид, дар назди дарахте ба замин нишаста рӯмолро кушод. Ҳамин вақт аз тарафи муқобил овозе баланд шуд. Вай мехост, ки аз ҷояш ҷаста хезад, вале боз ҳамон овоз баланд гардида, ба ин кор роҳ надод: - «Аз ҷоят наҷунб, дастатро бардор».

Аз анбӯҳи дарахтон чор нафар одами мусаллаҳ баромада, назди Степан омаданд. Аз сару либосашон

пешина
аз 349
навбатӣ