Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондандар рӯяш хаси хушк паҳн карда шуда буд, нишон дода гуфт:
- Маскани мо ана ҳамин, каме дам гир, лекин агар дилат ба ҳавои кушоду соф кашол бошад, метавонӣ берун барои ва дар беҳи дарахте хоб равӣ. Вай шинели кӯҳнаеро ба Степан дароз кард: - Ана инро ба ҷои кӯрпа ба тагат парто.
- Худат чӣ кор мекунӣ, Василий? - пурсид Степан. Василий хандид:
- Ман аз «шикор» беғанимат барнамегардам, албатта, барои ҷанговарони отряд ягон чиз бардошта мебиёрам. Василий ва Степан даррав ба якдигар маъқул шуданд. Степан ҳангоми ба отряд омадан дар роҳ дар бораи худаш: кӣ буд, чӣ хел фашистҳо ӯро арбоби деҳа таъйин карданд, пас аз ин дигар шудани муносибати ҳамдеҳотиёнаш ва ба ӯ сӯиқасд кардани онҳо муфассал ба Василий ҳикоят кард. Степан бошад, аз нақли Василий фаҳмид, ки ӯ дар Малаховка ном шаҳри назди Макеевка таваллуд ёфта, ҳангоми ақибнишинии полки худ бо чанд нафар рафиқонаш дар иҳотаи фашистон мондааст ва хеле вақт дар беша саргардон гашта, баъд бо партизанҳои ин отряд, ки нав ташкил ёфта буд, ҳамроҳ шудааст.
Онҳо аз заминкан ба майдончаи беша баромаданд.
- Сардори отряд ҳам омадааст, - гуфт Василий ду касеро, ки ба тарафи онҳо меомаданд, нишон дода, - одами лоғари баландқомат сардори отряд - Пискунов... лекин ҳамроҳаш одами ношинос менамояд.
- Одами ҳарбӣ барин, - гуфта монд Степан.
- Оре, дар танаш сару либоси ҳарбӣ, дар гиребонаш петлитса...
Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Василий аз хурсандӣ якбора «Урра, киро мебинам!» гӯён ба пешвози одами ношинос шитобид. Ҳарду самимона якдигарро ба оғӯш кашида бӯсиданд. Одами ношинос собиқ командири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё