Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

маълум буд, ки онҳо партизанҳо ҳастанд ва ба разведка, яъне корҳои ҷустуҷӯӣ баромадаанд.

Степан оҳи сабук кашида гуфт:

  • Ҳайрият, ки ба шумо вохӯрдам. Тафтишу пурсиш баъдтар, ҳоло маро ба назди сардори худ бубаред.

Партизани якум:

  • Ин фармон ё хоҳиш?

Степан:

  • Хоҳиш, албатта. Маро дуруст фаҳмед.

Партизани дуюм:

  • Пеш аз он, ки туро ба отряд бубарем, бояд кӣ буданатро фаҳмем.

Степан:

  • Ҳӯш?

Партизани якум:

  • Ту кистӣ, аз куҷо, исмат чӣ?

Степан:

  • Ман аз деҳаи Боровская, то сар шудани ҷанг котиби шӯрои деҳа будам... Баъд немисҳо маҷбуран арбоби деҳа таъйин карданд. Номам - Степан, насабам - Сабуров.

Партизани сеюм:

  • Марҳамат карда гап зан: ту нияти боз ба деҳа баргаштан дорӣ?

Степан:

  • Не, бояд ман яроқ ба даст гирифта, ба муқобили фашистон мубориза барам.

Партизани чорум:

  • Фаҳмо. Рафтем!

Дар отряди партизанӣ шиками Степанро сер карданд, иҷозат доданд, ки то омадани командир дам гирад. Партизани чорум, ки ҳамроҳи се нафар партизани дигар Степанро ба қароргоҳи отряди партизанӣ овард, Василий буд. Вай бурутҳои шофмонанди аз дуди сигор зардшудаашро тоб дода, заминканро, ки

пешина
аз 349
навбатӣ