Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Агар саҳв накунам, ту коммунистӣ?
    Степан:
  • Бале.
    Пискунов:
  • Билети партиявӣ ҳамроҳат?
    Степан:
  • Бале, аз ориҷ боло дар даруни остин дӯхта мондаам.
    Пискунов:
  • Хеле хуб: боз як коммунист зиёд шуд. Ҳозир ту хубакак фароғат кун, баъд бо одамон шинос шав. Шаб, ки шуд, пинҳонӣ ба деҳаи худ баргард ва аз байни аҳолӣ ду-се нафар одамро интихоб кун, ки аз рафти воқеаҳо дар деҳа ба ту хабар дода истанд. Одамони ба мо содиқ ҳастанд?
    Степан:
  • Ҳастанд.
    Пискунов:
  • Ин аввалин супориш: аввал дам гир ва баъд амал кун.
    Степан:
  • Итоат, рафиқ командир.
    Степан хуб дам гирифта, бо баъзе партизанҳои отряд шинос шуд. Гурӯҳе аз партизанҳо сокинони муқимии ҳамин ҷойҳо, гурӯҳи дигар ҷанговарони аз иҳотаи фашистон баромада, дар беша пинҳон шуда, ва гурӯҳи сеюмро одамоне ташкил мекарданд, ки ҳангоми эвакуатсия аз ҷойҳои дур омада, бо сабабе ба ақибгоҳ рафта натавонистаанд; ё бемор шудаанд, ё ки оилаҳошонро ба ақибгоҳ гуселонида, худашон барои бо душман мубориза бурдан дар ин ҷо мондаанд. Степан афсӯс мехӯрд, ки рафиқи хуб ёфту лекин зуд аз вай ҷудо шуд. Беҳтар буд, ки Василий бо Владимиров вонамехӯрд. Отряде, ки ба он лейтенант Владимиров сардорӣ мекард, рация дошт
пешина
аз 349
навбатӣ