Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ва бо Марказ алоқа карда меистод. Аз Марказ ба ҳамин мазмун фармон шуда буд: азбаски дар вилояти Ворошиловград отрядҳои партизанӣ бисёранд ва ба сабаби калон набудани бешаҳо ба як иттиҳодияи партизанӣ муттаҳид кардани онҳо имконнопазир аст, бигузор ҳар як отряд дар ҳудуди худ амалиёт гузаронад; дар отрядҳои партизанӣ интизоми қатъӣ ҷорӣ намуда, ҳаргиз роҳ дода нашавад, ки партизанҳо худсарона рафторҳои беҷо карда, ному шаъни партизанро паст зананд... Владимиров ин фармони Марказро ба Пискунов расонида, аз дигар тараф бо ҳаёт ва тарзи муборизаи партизанҳои отряд шинос шуд...
V
...Степан бегоҳӣ ба роҳ баромада, шабона ба деҳа расид. Вай аз полиз ба полизе гузашта, ба ҳавлии худаш омад. Степан худро ба сояи девори тарафи полиз гирифта, ба кӯча назар карда дид, ки марди милтиқдоре дар рӯ ба рӯи хонаи ӯ пасу пеш қадам зада мегардад. «Политсай, албатта, - гуфт ба худаш,- лаънатӣ омадани маро интизор аст. Фашистон яқин фикр кардаанд, ки ман назди партизанҳо рафтаам ва наздик ё дер, албатта, ба хонаам омада, аз аҳволи аҳли оилаам хабар мегирам...» Вай аз полиз баромада, бо роҳи паси хона аз сояи як дарахт ба паси дарахти дигар гузашта, ба хамгашти кӯча баромад. Политсай ҳанӯз пасу пеш роҳ мерафт, баъзан дар рӯ ба рӯи хонаи Степан рост меистод ва ба тиреза назар мекард. Соат тақрибан дуним ё сеи шаб буд. Шаби баҳор чунон торик буд, ки аз як метр дуртар чизеро дидан мумкин набуд. Ҳамин тавр ду кас роҳи якдигарро мепоиданд. Степан ҳарифи худро дида меистод ва пайт меҷӯст, ки бо як ҷажидан ӯро зери по гирифта, буғӣ карда кушад. Политсай бошад, ҳанӯз Степанро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё