Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ана ин гапи дигар. Шоистаи таҳсин.
  • Лекин кадом як шоири турк ҳам гуфтааст...
  • Дафъ шаве, сагбача,- ниҳоят ба ғазаб омада гуфт Анатолий, - Пушкинро «бо кадом як шоир» баробар карданашро бин-а!

Партизанҳо қаҳ-қос зада хандиданд, Степан бошад, хам шуда Сашаро нихта кард ва «ошро аз қайла нагузарон» гуфта монд.

Саша дид, ки Анатолий дар ҳақиқат сахт ранҷидааст, рӯҳашро бардоштанӣ шуда гуфт:

  • Бубахшед, Анатолий Михайлович, агар саҳв кардаам. Ман ҳеҷ гоҳ Пушкини бузургро «бо кадом як шоир» баробар намекунам, албатта. Охир Лермонтов беҳуда нагуфта:

Шоир ҳалок гашт - .. ба номус буд ғулом,
Афтодаи шикояту бӯҳтони кина шуд.
Дар сина сурб, ташна дил аз баҳри интиқом,
Хам гашта бо ҳамон сари пурифтихор.

Ба ростӣ, Анатолий аз шунидани шеърҳои Пушкин беҳад шод мегардид. Ин буд, ки давоми шеърро аз забони Саша Биденко, ки овози ҷозибадор дошт, бо завқ шунида, ҳеҷ чиз нагуфта, хомӯш шуд.

Кадоме аз партизанҳо аз Саша пурсид:

  • Саша, марҳамат карда гап зан: ту танҳо ҳафт синф маълумот дорам мегӯӣ, пас ин қадар китобро кай хондӣ, кай шеър аз ёд кардӣ?

  • Эҳ, бародар, - гуфт Саша, оҳ кашида, - ин ҳиссаи сарбаста ва дароз аст.

  • Чӣ, ҳикоят кардан мумкин не?

  • Не, мумкин, - абрувонашро дарҳам кашида ҷиддӣ гуфт Саша, - лекин монед, ки дарду аламам дар дилам монад, аз шунидани он шумо нафъе намебинед, нашъае намебаред.

пешина
аз 349
навбатӣ