Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ҳамаи гап дар ҳамин, ки сарфаҳм намеравӣ!
  • Чӣ хел?
  • Охир, ту, аҳмақча, шоҳасари адабиёти рус «Ҷанг ва сулҳ»-ро ба як халта бор баробар кардӣ! Охир, кӣ ин хел гап мезанад?
  • Ман ҳаҷмашро дар назар доштам-дия.
  • Ба асар, чӣ хеле ки набошад, аз рӯи ҳаҷм не, балки аз рӯи мазмун, мундариҷа ва ҳалли масъалаи ба миён гузошта баҳо медиҳанд. Фаҳмидӣ?
  • Ба фаҳмидан фаҳмидам-куя, лекин шумо умуман гапи маро ё ғалат мефаҳмед, ё каҷ маънидод мекунед.
  • Аввал андешаю баъд гуфтор, гуфтаанд. Андеша карда гап занӣ, суханат ҳеҷ вақт ғалат намебарояд.
  • Ман ғалат намегӯям.
  • Пас, «асарҳои Пушкин ба борхалтаи ман базӯр ҷо мешавад» гуфтанат чӣ маъно дорад? Оё медонӣ, ки Пушкин гуфтааст:

Ба худ коҳе бино кардам, ки даст
онро намесозад,
Алаф ҳаргиз напӯшад, роҳи мардумро
ба он маҳзар.
Муаззам обида он сон, ки болотар
сар афрозад.
Зи бурҷи шоҳ Искандар...

  • Медонам, Анатолий Михайлович, медонам. Ҳатто аз ёд, - ва бо овози бурро сар кард:

...Замоне дер хоҳам буд азизи халқи
ин кайҳон,
Ки кардам бо сухан ҳисси накӯ бедор
дар одам,
Ки озодӣ дар ин асри ситам бистудаму эҳсон
Бас афтода талаб кардам.

пешина
аз 349
навбатӣ