Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданСабуров бо одамонаш, ки аз Сашаю Анатолий тақрибан дусад метр дуртар буданд, аз камингоҳи худ баромаданд. Анатолий онҳоро дида, аз ҷо ҷаст ва ба Саша, ки аз ҷо нахеста ҳанӯз ба роҳ назар мекард, нигариста гуфт:
- Аҷоиб-а, як тир ҳам напаррондам-а.
Дар ҳамин дақиқа аз кузови машина, аз байни хукҳо политсае қомат рост карда, аз автомат ба сӯи Анатолий як навбат тир холӣ кард ва даррав сарашро паст намуда пинҳон шуд. Ҷасади Анатолий мисли дарахти аз бехаш арракардашуда якпаҳлу ба замин ғалтид. - Оҳ, нобакор, - фарёд кард Саша ва аз ҷо ҷаҳида хеста, дар як он ба машина расида гирифт. - Канӣ аз ҷо хез, ватанфурӯши лаънатӣ! Қомат рост кун, мегӯям!
Политсай аз тарс аз байни хукҳо сар намебаровард. Он гоҳ худи Саша зуд аз қафои машина ба кузов баромада, автоматыро ба политсай рост кард ва бо тамоми овоз бонг зад: - Хез аз ҷо, нобакор!
Политсай дириқ-дириқ ларзид ва ду дасташро боло бардошта, аз ҷо хест. - Фаро аз мошин! - фармон дод Саша.
Политсай фаромад. Сабуров бо ҳамроҳонаш низ расида омаданд. Саша зуд аз мошин фаромада, ба Сабуров гуфт: - Анатолийро ана ҳамин хоин парронд, бо ӯ машғул шавед, ман рафта Анатолийро мебинам...
Ва Саша бо чашмони тар сӯи ҷасади Анатолий давида рафт. - Гала канӣ? - пурсид Сабуров аз политсай.
- Аз қафо меояд, - ҷавоб дод политсай.
- Галаро киҳо ронда меоянд?
- Ду немис, чор политсай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ