Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
-
Пас ин тавр мекунем, - гуфт Сабуров ба политсай ва аз автомат қурсашро гирифта, онро ба дасти ӯ дод. - Галаро пешвоз гир ва гӯё бо инҳо - вай ҷасади фашистонро нишон дод, - воқеае рӯй надода бошад, аз кори шудагӣ даҳон накушо. Бо фармони Сабуров партизанҳо ҷасадҳои беҷони фашистонро кашола карда, ба беша бурданд, худаш назди Саша шитобид. Саша бошад худро ба рӯи ҷасади Анатолий партофта, зор-зор гиря мекард, гиря мекарду бо овози гирифта мегуфт:
-
Бубахш маро, Анатолий Михайлович... аз ту бохабар нашудам... Ман гунаҳгор дар назди ту... Оҳ, Анатолий Михайлович...
Оҳу фиғони Сашаро шунида, Сабуров низ оби дида резонд.
- Афсӯс, ки ҳалок гардид, - гуфт ӯ ду сари по ба замин нишаста, - одами асил, ватандӯст буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ