Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

бист нафар партизанро гирифта ба деҳа шитоб кун, шояд...

Степан суханони Пискуновро то охир гӯш накарда, аз заминкан баромад ва ҳамроҳи ҳаждаҳ нафар партизан ба сӯи деҳа шитобид. Рӯз ба бегоҳ наздик буд, ки ба пастхамии Гремучий расида, ба ҳафт нафар политсай вохӯрд. Онҳо чуқуриеро, ки пур аз ҷасади аҳолӣ буд, бо хок пур карда, акнун мехостанд аз ин ҷо раванд. Политсайҳо партизанҳоро дида, муқобилият нишон додан он тараф истад, ҳатто гурехта натавонистанд ва ба зорию тавалло даромаданд: «Моро напарронед, як тир ҳам холӣ накардем, ҳеҷ касро напаррондаем. Ин кори «СС»-чиён, бовар кунед. Моро маҷбур карданд, ки чуқуриро бо хок пӯшонем...»
Аз байни политсайҳо марди қадпасти гандумгун, ки мӯйлаби базебе дошт, ду қадам ба пеш баромад ва дасташро бардошта гуфт:

  • Мумкин?

  • Марҳамат, гап зан, - фармуд Сабуров.

Марди мӯйлабдор гуфт:

  • Политсайҳо дурӯғ мегӯянд: онҳо аввалин шуда ба аҳолии бегуноҳ оташ кушоданд: «СС»-чиён баъд...

  • Ту чӣ?

  • Ман оташ накушодам, марҳамат автоматамро бубинед: тирҳо дар ҷояшон.

  • Охир ту ҳам политсай-ку, чаро оташ накушодӣ?

  • Ман бо фармони гурӯҳи партизании пинҳонкорони шаҳр ба политсайҳо ҳамроҳ шудам. Ҳуҷҷатам ҳамроҳи худам, - марди мӯйлабдор сари синаашро нишон дод, - ана дар ин ҷо пинҳон кардам. Дар ҳуҷҷатҳои фашистон насабам Сазонов қайд шудааст, вале дар асл насаби ман - Батурченко...

  • Тафтиш мекунем, - гуфт Сабуров, - ҳоло ба партизанҳо ҳамроҳ шав. - Вай муштонашро фишурда назди политсайҳое, ки «Мо тир напаррондем» гуфта буданду ҳозир бо сари хам хомӯш меистоданд, омад.

пешина
аз 349
навбатӣ