Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Шумо, нобакорон, яроқ ба даст гирифта, ба фашистони хунмаст ҳамроҳ шудед, ба муқобили халқу ватани худ бархестед?!

Политсайҳо сар намебардоштанд, ҳама хомӯш буданд. Сабуров бошад, аз шиддати ғазаб ларзид ва муштонашро боз сахтар фишурда гуфт:

  • Оё медонед, ки ҳозир шумо чӣ қадар одами бегуноҳро тирборон кардед? 315 нафарро, падарсагҳо! Дар байнашон занону кӯдакон, тифлони ширмак ҳам буданд...

Овози Сабуров гирифт, вай дигар сухане гуфта натавониста, бо кафи дастонаш рӯяшро пӯшонд ва дар ҳамин ҳолат чанд лаҳза хомӯш истод. Баъд дастонашро аз рӯяш гирифта, наъра зада, ба партизанҳо гуфт:

  • Ин палидҳоро дуртар аз қабри шаҳидон, ҳо ана ба он ҷо баред. - Партизанҳо фавран фармони ӯро ба ҷо оварданд. - Аз номи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ фармон медиҳам (бо ишораи сар ба партизанҳо фармуд, ки барои оташ кушодан тайёр шаванд. Милҳои автоматҳо ба политсайҳо равона карда шуд): ба хоинони Ватан-оташ!

Ҳукм ба ҷо оварда шуд. Степан Сабуров, ки дар сари қабри шаҳидон меистод, дузону ба замин нишаст ва хам шуда, онро бибӯсид, сонӣ сарашро бардошта гуфт:

  • Қасам ба ту, замини муқаддасам, ба шумо, ҷону ҷигарбандҳои шаҳид гаштаам, то қатраи охирини хунам бар зидди таҷовузкорони хунхор бераҳмона меҷангам, лозим шавад, ҷонамро ҳам фидо мекунам.

Вай аз ҷо хест ва автоматро баланд бардошт. Партизанҳо бо овози баланд ҳамроҳи ӯ такрор карданд:

  • Қасам мехӯрем: бераҳмона меҷангем, лозим шавад, ҷонамонро фидо мекунем!

Акнун ба деҳа шитобидан даркор, - гуфт Батурченко ба Сабуров муроҷиат карда. - Дар вақти қатли ом худи комендант иштирок дошт, баъд аз тирборон

пешина
аз 349
навбатӣ