Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

як гурӯҳ «СС»-чиёнро барои ғундошта гирифтани чизу чораи аҳолӣ ба деҳа фиристода, худаш саросема ба шаҳр рафт...

  • Ба деҳа, рафиқон! - фармон дод Степан Сабуров. - Тимро дареғ надоред, қир кунед фашистонро!
    «СС»-чиён, аз афташ, пайдо шудани партизанҳоро интизор набуданд, ки гурӯҳе аз онҳо бепарвоёна,
  • албатта ширакайф, чизу чораи писанд омадаи аҳли деҳаро ҷамъ мекарданд. Чор нафар «СС»-чии рутбадор бошанд, дар управа ҳамроҳи арбоби деҳа арақи дастӣ менӯшиданду аз гӯшти яхнӣ газақ мекарданд.
    Партизанҳо ба ин ҷо зада даромада, ҳамаашонро тирборон карданд. Дигар «СС»-чиён низ ҳангоми муқобилат нишон додан маҳв карда шуданд.

Степан Сабуров танҳо акнун худашро ба даст гирифта, ғазабашро ба зӯр фурӯ шинонд, сониян Батурченкоро назди худ хонда гуфт:

  • Фармон медиҳам: шитобон ба шаҳр бирав ва ба комендант бигӯӣ, ки «ҳангоми аз деҳа баргаштани политсаю «СС»-чиён дар роҳ партизанҳо ҳуҷум карданд... миқдорашон бисёр буд, ягон кас ҳам зинда намонд, ман худамро мурда вонамуд карда, пас аз монда рафтани партизанҳо аз ҷо хестам... ва ҳоказо.
    Фаҳмидӣ?

  • Фаҳмидам, рафиқ командир, - ҷавоб дод Батурченко. - Баъд чӣ?

  • Баъдтар одамони мо туро кофта меёбанд ва боз чӣ кор карданатро мефаҳмонанд. Алҳол ба назди комендант рафта, тавре ки ман ёд додам, гап зан. Ҳа, боз гӯӣ ки «Сардорашон Степан Сабуров будааст. - Ман дароз хобида ва чашмонамро накушода, ба гапҳои онҳо гӯш медодам, партизанҳо сардорашонро бо ҳамин ном ба забон мегирифтанд». Бигузор фаҳмад, ки Степани ланг кӣ ва ба чӣ корҳо қодир будааст!

Батурченко сӯи шаҳр рафт, партизанҳо бошанд,
роҳи бешаи асрорангезро пеш гирифтанд.

пешина
аз 349
навбатӣ