Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

I

Андрейка гоҳ медавид ва гоҳ меистоду ба чор тараф назар мекард. Аз ҳеҷ ҷо садое шунида намешуд. Дар гирду атроф касе набуд, ки ба доду фарёдаш расад. Вай ба сари роҳи мошингард баромада монд.

Аз паси теппаи ҳамгашти роҳ аввал садои мотосикл, баъд ғурриши автомашина ба гӯш расид. «Фашистҳо!» — гуфт Андрейка ба худаш ва ҳамон лаҳза худро ба бероҳа гирифта, дар байни алафзори сари роҳ рӯ ба замин дароз кашид. Лекин немиси мотосиклсавор Андрейкаро аллакай дида буд. Автомашинаю мотосикл каме он тарафтар аз ҷои дароз кашидаи Андрейка қарор гирифтанд. Баъд немиси мотосиклсавор мотосиклашро дар сари роҳ гузошта, сӯи Андрейка равон шуд. Аз тарс тамоми вуҷудаш ба ларза даромад. Гурехтан бефоида буд. Андрейка ба тақдираш тан дода, наҷунбида мехобид. Баногоҳ аз автомати немис паси ҳам ду тир баромад. Андрейка дод зада, ба замин ҷафстар шуд.

пешина
аз 349
навбатӣ