Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
Ғурриши автомашина баланд гардида, немисҳои мошинсавор монда рафтанд. Андрейка ҳис кард, ки ӯ зиндаасту немиси дар болои сараш буда на ба ӯ, балки ба дигар тараф тир паррондааст. Дар ҳамин фикру хаёл буд, ки немис хам шуда, аз китфони Андрейка гирифта, ӯро ба по рост кард. Андрейка чашмонашро кушода ба немис нигарист, ки марди тахминан сисола, қадпаст ва фарбеҳи сурхинарӯ буд. Вай ба забони немисӣ ким-чӣ мегуфт, ки Андрейка мазмунашро намефаҳмид. Ниҳоят немис бо суханҳои омехтаи русию немисӣ гуфт:
- Рус мальчик гут! Ленин гут! Сталин гут! Гитлер не хорош, фашист капут, не гут. Рус партизан хорош, мальчик хорош, партизан хорош...
Андрейка хомӯш буд. Вай ба гапҳои немис, ки бешаро нишон дода гурез мегуфт, бовар намекард. Он гоҳ немис сари ӯро сила карда, баъд борхалтаяшро аз китфаш гирифта кушод ва ба вай каме нону қанд дароз кард. Вале Андрейка нону қандро нагирифта, хомӯш меистод. Немис нону қандро ба киссаи Андрейка андохта, рӯи ӯро сӯи беша гардонида гуфт: «шнел-шнел, партизан!» Андрейка ба зӯр табассум карда, аввал оҳиста-оҳиста, сонӣ тез-тез қадам монда ба канори беша расид ва танҳо пас аз ин ба қафояш нигоҳ кард. Немис даст афшонда ба мотосикл савор шуд.
Мотосиклсавор дар як он аз назар ғоиб шуд. Андрейка ба дарунтари беша даромада, дар зери дарахти ғулие нишаст ва хеле вақт дар бораи он немиси хайрхоҳ фикр кард. «Дар байни немисҳо одамони хайрхоҳ, инсондӯст ҳам будаанд, - мегуфт Андрейка ба худаш. - Охир вай метавонист, ки бо як тир маро ба он дунё фиристанад. Аммо ин тавр накард, сарамро сила намуду нону қандам дод ва ба беша рафта пинҳон шав» гуфт. Аҷоиб. Андрейка аз ҷо хест, вале ба кадом тараф рафтанашро надониста,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо