Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

фикр карда монд. «Аз ин хел истодан муроде ҳосил намешавад, — ба тарафе рафтан даркор: шояд ба касе вохӯрам», — гуфту ба роҳ даромад. Чӣ мегӯед, ки се шабу се рӯз дар беша, саргардон шуда аз ҳолу мадор монд, пеши чашмонашро сиёҳӣ пахш кард ва сараш чарх зада, ба замин ғалтид. Вай аз ҳуш рафт ва як вақте андаке ба худ омада, чашмашро кушод, ки ҳеҷ чизро намедид: ҳарораташ баланд буд, ҳанӯз сараш чарх мезад ва мадори аз ҷо хестан надошт. Боз чашмонашро пӯшид ва хобаш бурд.

Баногоҳ Андрейка ҳис кард, ки касе аз китфаш дошта силтав медиҳад. Чашмонашро кушод. Дар атрофаш чор нафар одами силоҳдор меистоданд, ки дар бар либоси ғайриҳарбӣ доштанд.

  • Ту кистӣ, бача? Куҷо меравӣ? — пурсид яке аз онҳо. Андрейка танҳо базӯр «ман» гуфту халос, зеро аз ташнагӣ ҳалқаш хушк, лабонаш торс-торс кафида буданд.

  • Аҳволаш бад, ҳатто гап зада наметавонад, — гуфт марди дигар.

  • Лагерамон дур, агар ба он ҷо бубарем, азоб мекашем.

  • Ба деҳаи Камишовка, ба хонаи Верахола мебарем, — гуфт марди сеюм. — Бигузор парасторӣ кунад, сиҳат шавад. Баъд мебинем.

Онҳо партизанҳо — разведкачиён буданд, ки баъди иҷрои супориш ба отряд бармегаштанд. Верахола бошад, одами онҳо буд ва баъзан ҳангоми ба разведка рафтан дар хонаи вай дам мегирифтанд. Деҳа бошад, аз роҳи калон тақрибан ҳашт километр дур буд ва ба ин ҷо немисҳо кам омаду рафт мекарданд. Арбоби деҳа низ аз одамони наздики партизанҳо буд.

....Верахола ба назди партизанҳо чою нон гузошта, Андрейкаро ба хонаи гарм даровард, бо оби гарм дасту по ва сару рӯи ӯро шуст, сонӣ ба рӯи кат хобонда каме шири гарм хӯронд. Хоби Андрейка бурд.

пешина
аз 349
навбатӣ