Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Командири отряд Андрейкаро ҳанӯз сусту бемадор дониста, ӯро ба лазарет (шифогоҳ)-и партизанҳо бурда хобонд. Дар ин ҷо Андрейка бист рӯз хобида, бо бисёр партизанҳо ва коркунони лазарет шинос шуд. Вай ба ярадорон об меовард, ба печкаи заминканҳо алав мемонд, аз таги багали маҷрӯҳон дошта, ба сайругашт мебаровард.

Андрейка аз ҳар як партизане, ки ба ин ҷо меомад, падарашро мепурсид. «Оё шумо партизани лангро надидаед?» - мепурсид ӯ. «Дар байни мо партизанҳои ланг бисёранд», - мегуфтанд партизанҳо дар ҷавоб.

Боре ба лазарет партизанеро оварданд, ки ӯ ба минаи немисӣ бархӯрда сахт маҷрӯҳ шуда буд ва дар ин ҷо чанд рӯз беҳуш хобид. Андрейка ӯро шинохт. Ин яке аз чор нафар партизане буд, ки Андрейкаро дар канори беша беҳуш ёфта, ба хонаи Верахола ва аз он ҷо ба штаби партизанӣ оварда буд. Андрейка номи партизанро намедонист. Шабу рӯз аз бистари ӯ дур намешуд. Баногоҳ аҳволи маҷрӯҳ бад шуд ва сардори лазарет омада, Андрейкаро дар назди бистари вай гирён дид. Сардори лазарет ба Андрейка маҷрӯҳро нишон дода пурсид:

  • Падари ту?
  • Не, - гуфт Андрейка. - Ин одам маро аз марги ногузир халос карда буд.

Разведкачии партизанҳо чанд рӯз беҳуш хобида, билохира ҷон дод. Андрейка аз ин ҳодиса бисёр ғамгин шуд. Аз ҳамон рӯз сар карда, Андрейка шабу рӯзҳо вақти холии худро дар байни партизанҳои разведкачӣ мегузаронд, ба нақли онҳо бо диққат гӯш медод. Разведкачиҳо низ ба Андрейка ҳусни таваҷҷуҳ доштанд, ҳар дафъа ӯро ба назди худ хонда, аз автомат тир парронданро меомӯхтанд, кор фармудани гранатаро ёд медоданд, баъзан ба вай иҷрои корҳои на чандон муҳим ва калонеро месупориданд. Баъдтар Андрейка тамоман ба гурӯҳи разведкачиён гузашт.

пешина
аз 349
навбатӣ