Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
III
Аз истгоҳи роҳи оҳани Чернухино ҳар рӯз даҳҳо эшелон танку тӯп, лавозимоти ҳарбӣ, қӯшуни душман гузашта ба фронт мерафт. Истгоҳро немисҳо сахт муҳофизат мекарданд. Ба ҳудуди истгоҳ даромадан ва аз он ҷо баромадан қатъиян манъ буд. Партизанҳо борҳо кӯшиш карданд, ки одами худро ба ин ҷо фиристанд, аммо кӯшиши онҳо натиҷа надод. Чандин нафар партизанҳо ҳангоми иҷрои ин супориш ҳалок шуданд.
Штаби иттиҳодияи партизанӣ аз отряд қатъӣ талаб карда буд, ки бо ҳар роҳе набошад, истгоҳи роҳи оҳани Чернухиноро аз кор бароварад. Таъмини иҷрои ин кор бе разведкаи пешакӣ ғайриимкон буд.
Дар депои роҳи оҳани истгоҳи Чернухино шахси ба партизанҳо эътимодноке кор мекард, лекин вай имконият надошт, ки аз он ҷо барояд. Разведкачие даркор буд, ки бемамоният ба истгоҳ даромада, бо ин одам вохӯрад ва аз ӯ маълумот гирифта баргардад. Пас, киро ба истгоҳ фиристананд? Сардори отряд Кононенко дар ин бора хеле фикр карда, ба хулосае наомад ва назди разведкачиҳо рафт: шояд худи онҳо одамеро номбар кунанд, ки аз иҷрои ин супориш баромада тавонад.
Разведкачиҳо дар майдончаи назди заминкан ҷамъ омада буданд: яке якпаҳлу ба замин дароз кашида ва сигор кашида бо рафиқаш аз хусусе гап мезад, дигаре гитара менавохт ва суруд мехонд, сеюмин ба гимнастёркааш тугма медӯхт, ё ки шалворашро дарбеҳ мекард. Партизан Василий Антонович шӯх, ки қариб ба ҳама лақаб монда буд, бо Андрейка аз хусуси он, ки оё деҳотибачаро аз шаҳрибача фарқ кардан мумкин аст, гап мезад. «Бачаҳои шаҳрӣ назар ба бачаҳои деҳа зираку донотар ва ҳозирҷавобанд, - мегуфт Василий ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо