Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
маълум буд. Аксари ин эшелонҳоро партизанҳо дар роҳ метарконданд. Гестапо аз паси пинҳонкорон афтода, онҳоро дастгир карда, ратсияашонро ба даст овард. Қариб се моҳ боз алоқаи партизанҳо бо ин истгоҳ канда шуда буд. Фашистон истгоҳро таҳти назорати қатъӣ гирифта, ҳамаи одамонеро, ки ба ин ҷо меомаданд ва аз ин ҷо мерафтанд, бодиққат тафтиш мекарданд. Ягона алоқаии зиндамонда собиқ коргарзани почта Анастасия Андреевна буд, ки немисҳо аз ӯ гумоне надоштанд ва ӯ бо чӣ мақсад ба ин ҷо омадани Андрейкаро фаҳмид. Андрейка дар хонаи Анастасия Андреевна монд. Онҳо ҳар пагоҳӣ ба бозор мерафтанд, харид мекарданд ва чизу чораи аз бозор харидаашонро бардошта, маҳз аз истгоҳ гузашта мерафтанд. Истгоҳ ҳама вақт серодам буд.
Қатораҳои поездҳо гоҳ ба шарқ, гоҳ ба ғарб мерафтанд. Андрейка ҳама чизро зери чашм мекард. Вай ба депо рафтанӣ шуд, вале Анастасия Андреевна ба ин роҳ надода гуфт, ки фашистон одами ба ӯ даркориро кайҳо ба ҳабс гирифтаанд.
Як пагоҳӣ ҳар ду ба бозори назди истгоҳ рафтанд.
Бозор пур аз одам ва ҳама машғули хариду фурӯш буданд. Дар байни мардум сарбозони фашистӣ низ мегаштанд. Онҳо ҳамаро аз назар гузаронида, аз шахсони шубҳанок ва одамони навомада рухсатнома мепурсиданд, ҳуҷҷатҳояшонро тафтиш мекарданд. Баъзе касони барояшон шубҳанокро дастгир карда, ба комендатура мебурданд, баъзеи дигарашонро ҷавоб медоданд. Ду нафар сарбози немис Анастасия Андреевна ва Андрейкаро нигоҳ дошта, ҳуҷҷат пурсиданд. Анастасия Андреевна рухсатномаашро ба немиси қоматбаланди чӯтур дароз кард. Немиси дигар рухсатномаи Андрейкаро гирифта, бодиққат ба вай чашм духт. Андрейка ӯро шинохт, ин ҳамон сарбози немисе буд, ки ҳангоми аз деҳа гуретанаш ӯро напарронд, баръакс сарашро сила

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо