Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
карда, нону қанд дод ва ба беша гурезонд. Вақте ки немиси қоматбаланд се нафари дигарро нигоҳ дошта, рухсатномаи онҳоро як-як аз назар мегузаронид, немиси миёнақади фарбеҳ аз дасти Андрейка гирифта, аз бозор баромад. Анастасия Андреевна бошад, таваллою зорикунон аз паси немис рафтан гирифт. Андрейка намедонист, ки шиноси деринааш ӯро ба куҷо мебарад: ба гестапо, ё ба ҷои дигар. Онҳо аз бозор баромада, ба пасткӯчаи назди бинои мактаб гузаштанд. Немис Андрейкаро пушти ҳавлии мактаб гузаронда, ба Анастасия Андреевна бошад, бо ишораи даст фаҳмонд, ки дар ҳамин ҷо истад. Анастасия Андреевна маънои имою ишорати немисро нафаҳмида, ҳанӯз тавалло мекард, баланд-баланд мегуфт, ки Андрейка назди ӯ аз Лисичанск омадааст, ҳуҷҷат дорад, ба рухсатномаш ҳатто худи ҷонишини комендант имзо кардааст. Вале немис, ки аз гапҳои ӯ ягон чиз намефаҳмид, танҳо «гут, гут» мегуфту халос.
Дар паси бинои дуқабатаи мактаб немис боз сари Андрейкаро сила карда пурсид: «Партизан гут», «рус корош», «Гитлер найн капут», «фашист капут». Маълум буд, ки онҳо бетарҷумон якдигарро фаҳмида наметавонанд: на немис ба забони русӣ гап зада метавонисту на Андрейка ба забони немисӣ. Немис аз воқеаи деҳаи Боровская бохабар буд. Ӯ тахмин мекард, ки ин бача бо саргардониҳои зиёд ба ин ҷо афтодааст. Чаро дар дасти ӯ рухсатнома бо имзои коменданти шаҳри Лисичанск? «Дар таги коса нимкоса» буданашро немис пайхас мекард. Ӯ бо дасташ ба худаш ишора карда гуфт:
- Я, я! Франс, Франс! Форштейн (фаҳмидӣ), ни фарштейн ...у... А... ту Володя?
Андрейка мехост гӯяд, ки номи ӯ Володя не, балки Андрейка, аммо рухсатномаро ба хотир оварда саросема гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо