Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Ҳа, ҳа, Владимир, яъне Володя. Форштейн.
- Гут, гут. Форштейн, - гуфт немис ва Андрейкаро аз дасташ гирифта назди Анастасия Андреевна овард ва худаш аз чорраҳа гузашта боз ба бозор рафт.
Анастасия Андреевна ҳайрон шуда, аз Андрейка пурсид, ки: «немис ба ту чӣ гапи махфӣ дошт, чиҳо гуфт?». Андрейка ҳам «вохӯрии» худро бо ин немис ба Анастасия Андреевна ҳикоят карда, баъд илова намуд:
- Вай немисҳои дигар барин не, - гуфт Андрейка ба «холаш». - Агар вай фашист мебуд, ҳанӯз ҳамон вақт маро мепарронд, ё ки ҳозир маро ба комендатура бурда месупорид. Лекин ин тавр накард. Ман ба гапҳои ӯ сарфаҳм нарафтам, вале ҳаминашро фаҳмидам, ки вай фашист ва ё гестапочӣ не. Политсай ҳам не.
Анастасия Андреевна ба гапҳои Андрейка бо диққат гӯш дода, баъд гуфт:
-
Дар байни немисҳо одамони хуб ҳам ҳастанд, ҳатто баъзеашон коммунист. Гитлер ба мамлакати мо ҳуҷум карда, ба сари халқи немис ҳам азобу кулфати зиёд овард. Аҷаб не, ки Франси гуфтагиат антифашист бошад ва нияти ба тарафи партизанҳо гузаштан дошта бошад.
-
Инашро баъдтар мефаҳмем, - гуфт Андрейка бо оҳанги одами калонсол. - Ба ҳар ҳол, гуфтан мумкин аст, дар байни фашистҳо одаме ҳаст, ки ба мо ҳусни таваҷҷуҳ дорад ва эҳтимол, аз ёрӣ додан ба мо рӯ натобад.
-
Кошки ҳамин хел шавад, Андрейка. Кори мо хеле осон мешуд.
Онҳо ҳангоми ба хона баргаштан дар қарибии ҳавлии Анастасия Андреевна бо Маруся вохӯрданд, ки ӯ пеш аз ба деҳа рафтанаш ба дидани Андрейка омада буд. Андрейка он чиро, ки дар бозор дид ва воқеаи бори дуюм бо Франс вохӯрданашро ба Маруся ҳикоят карда, баъд илова намуд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо