Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Шунидӣ, аз немисҳо ҳам дӯст ёфтам. Ба Василий Антонов гап зан, ки аз ман хавотир нашавад.

  • Ман ба хонаатон нарафта, аз ҳамин ҷо бармегардам, - гуфт Маруся ба Анастасия Андреевна ва ба Андрейка рӯ овард. - Ман ҳам аз забони Генрих бисёр чизҳоро фаҳмидам. Ба назди партизанҳо бо дасти холӣ барнамегардам. Фақат аз ту, Андрейка, илтимос ҳамин, ки Анастасия Андреевнаро огоҳ накарда, ба ҷое нарав, худатро эҳтиёт кун.

  • Ту ҳам эҳтиёт шав, Маруся, - гуфт бо табассум Анастасия Андреевна, - духтари зебо будӣ, ҳар ҷавон ҳам майли гирифта гурехтан мекунад.

Маруся қаҳ-қаҳ зада:

  • Ба ҳар ҳол, парӣ не, - вай кампирро ба оғӯш кашида бӯсид. - Хайр, то боздид!

VI

Кулбаи тангу тори Лидия Антоновна кайҳо боз ин қадар меҳмонро надида буд. Аз алангаи олови печкаи русӣ, ки даричаашро кушода монда буданд, ба даруни хона андаке равшанӣ меафтод ва танҳо ду-се нафар одамоне, ки дар гӯшаи ба печка наздики миз менишастанд, базӯр чеҳраи якдигарро медиданд. Барои он ки олови печка доимо аланга карда истад, Лидия Антоновна дар курсӣ ба печка наздик нишаста, ҳар лаҳза ба он ҳезум мепартофт. Меҳмонҳо - партизанҳои отряди Кононенко, ки аз панҷ нафар иборат буданд, худашонро ҳамчун соҳиби хона ҳис мекарданд ва «нозу неъмати» рӯи мисро, ки аз равғану гӯшти хук, нон, шӯрбои аз замбӯруғи хушк пухта иборат буду онро аз қароргоҳи худ оварда буданд, ба дигарон ишорат карда, «шарм надоред, хӯред» гуфта меистоданд. Онҳо як литр барин арақи дастӣ ҳам доштанд, ки он дар дасти сардори разведка Василий

пешина
аз 349
навбатӣ