Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Ба Андрейка гап зан, ки ин дафъа коре карда албатта бо Франс вохӯрад ва дурусттар гапзанон кунад. Эҳтимол вай антифашист ва ё коммунист аст. Ту, Маруся, бояд ба мо боз бештар ёрӣ расонӣ. Шиносоии ту бо Генрих бояд ба манфиати кор, ба манфиати ғалабаи мо истифода шавад. Бо ҳар роҳ ту ӯро ба кор андохта метавонӣ. Андрейкаро маҳз ба воситаи ӯ эҳтиёт кардан лозим. Худат медонӣ: дар замони ҷанг як ё ду разведкачӣ метавонанд, ки баробари як баталон, ё ки ҳатто баробари як полк фоида бирасонанд. Мо ба ту аз ҳамин рӯз сар карда, кор фармудани рацияро меомӯзонем. Ту бошӣ рацияро пинҳонӣ ба хонаи Анастасия Андреевна мебарӣ. Андрейка бошад, кор фармудани рацияро медонад, ман ба вай омӯхта будам. Навъе карда ба воситаи Генрих муҳлати рухсатномаи Андрейкаро ақалан, як ё ду моҳ зиёд намо.
Оре, шиносоии Андрейка бо Франс ва муносибати Маруся бо Генрих иҷрои вазифаро то андозае осон кард. Танҳо одаме лозим буд, ки бо Франс ба забони немисӣ гуфтугӯ кунад ва мақсади ӯро пай барад. Ин корро разведкаи партизанҳо ба зимма гирифт. Дар отряд Шултс ном немис буд, ки ҳанӯз як сол муқаддам дар яке аз муҳорибаҳо ихтиёран ба партизанҳо таслим шуда, ҳоло дар отряд вазифаи тарҷимониро адо мекард. Ӯ забони русиро кам донад ҳам, мазмуну маънои гапро дуруст маънидод карда метавонист. Партизанҳо қарор доданд, Шултсро бо Франс рӯ ба рӯ карда, мақсади ӯро бифаҳманд. Барои ин Шултсро бо сару либоси немисӣ ба Чернухино фиристодан ва дар он ҷо вайро ба воситаи Андрейка бо Франс шинос кардан лозим буд.
Субҳдам разведкачиён ба отряд баргашта, маълумотҳоеро ки Маруся аз Чернухино оварда буд, ба командири худ Кононенко расониданд. Кононенко нақшаҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо