Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
разведкаро маъқул дониста, рӯзи дуюм Шултсро дар сару либоси сарбози немис бо ратсия ба деҳаи Лукашино фиристод. Шаб аз нисф гузашта буд, ки партизанҳо бо Шултс ба хонаи Лидия Антоновна омаданд. Сардори гурӯҳ Василий Шултсро дар он ҷо монда, худаш ратсияро гирифта, ба хонаи Маруся омад. Дар омади гап гуфтан лозим, ки Василий худаш радист ва ҳамчун разведкачии машҳур ном бароварда буд, бинобар ин овардани радисти дигар чандон зарурат надошт.
Василий ҳар шаб ба хонаи Маруся омада, то субҳдам чӣ тавр кор фармудани ратсия ва омӯхтани рамз бастан ва рамзкушоиро ба ӯ ёд медод. Ҳамин тавр Василий чанд шаб ба Маруся машқ гузаронд. Маруся мустақилона кор фармудани ратсияро аз худ кард.
Як рӯзи шанбе Шултс дар либоси расмии ефрейтори немис бо ҳамроҳии Маруся ба роҳ даромаданд. Барои эҳтиёт ратсияро ба борхалтайи Шултс гузоштанд. Шултс роҳхате дошт, ки гӯё бо супориши гестапо ба Чернухино омада бошад. Гашти рӯз онҳо ба истгоҳ дохил шуданд. Маруся тақрибан дусад метр пеш-пеш мерафту Шултс аз паси ӯ. Онҳо аз кӯчаи Школьная гузашта, ба сари роҳи бозор баромаданд. Патрулҳои фашистӣ дар ин ҷо бештар гашту гузор мекарданд. Онҳо Марусяро дида, бо имои сар салом дода, лабханд зада мегузаштанд. Патрулҳо ба Шултс рӯ ба рӯ шуда, ӯро аз роҳ боздоштанд ва ҳуҷҷат пурсиданд. Шултс ба таври низомии барои немисҳо хос рост истода, роҳхаташро нишон дод. Патрулҳо роҳхатро аз назар гузаронда, баргардонданд. Баъд онҳо ба кӯчаи Спортивный баромада, ба хонаи Анастасия Андреевна омаданд. Ба хушбахтӣ, Анастасия Андреевнаю Андрейка дар хона буданд.
Маруся пас аз он ки Андрейкаю Анастасия Андреевнаро бо Шултс шинос кард, ба Андрейка гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо