Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

рӯй, ҳар ду чакка ва гардани ӯро молидан гирифт. Анастасия Андреевна базӯр чашм кушода, дар болои сараш Андрейка ва зани ношиносро дид. Евдокия Осиповна ба Андрейка гуфт:

  • Ӯро ҳар чӣ зудтар ба кулба бурдан лозим.

Онҳо аз шоҳу навдаҳои дарахт як навъ «чана» сохта, кампирро ба болои он гузоштанд ва баъд чанаро кашола карда, Анастасия Андреевнаро ба кулба оварданд. Дар ин ҷо либосҳои ӯро кашида, боз аъзои баданашро хуб молиданд. Кампир чашм кушода, худро дар кулба дид. Аввал ба Андрейка, сипас ба Евдокия Осиповна маънидорона назар кард.

Евдокия Осиповна ба сари мақсад омада, аз Андрейка пурсид:

  • Канӣ гап зан, чӣ супориш дорӣ? Зуҳ бош?
  • Ман бояд ба қароргоҳи отряди партизанӣ рафта, бо Сардори он Кононенко вохӯрам, - гуфт Андрейка. - Аз хусуси супориш бо дигар кас гап задан мумкин не.

Дар ҳамин асно саги Евдокия Осиповна баланд-баланд аккос зад. Кампир аз кулбааш баромад. Аз самти шимолии беша уллоси ба овози рӯбоҳ монанд ба гӯш мерасид. Ин сигнали шартии разведкаи партизанҳо буд ва ҳар вақте ки партизанҳо ин гуна сигнал медоданд, Евдокия Осиповна аз кулба мебаромад ва дар мавриди набудани одами ношинос, политсай ва гестапочиён «Оҳ о-ҳ о-о-о ҳ ой» гӯён овоз мебаровард. Ин чунин маъно дошт, ки «омадан гиред, гирду атроф бехавф аст». Ин буд, ки Евдокия Осиповна даҳ-понздаҳ қадам пештар рафту бо овози баланд «Оҳ о-ҳ о-о-о-о» гӯён овоз баровард.

Фурсате нагузашта шаш нафар разведкачиёни партизанҳо ҳозир шуда, бо Евдокия Осиповна вохӯрдӣ карданд.

  • Канӣ, чӣ хабарҳои нав? Гестапочиён, ё ки политсайҳо, наомаданд? - пурсиданд онҳо.
пешина
аз 349
навбатӣ