Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
- Марҳамат ба кулба дароед. Хушхабар худаш омада монд.
Партизанҳо ба кулба даромаданд. Андрейка баробари дидани онҳо чолокона аз ҷояш хест. Ӯ Василий Антоновро шинохт ва худро ба оғуши вай андохта, фарёд кард:
- Василий-амак! Чӣ хел хуб шуд, ки ман шуморо дидам.
Василий Антонов Андрейкаро ба оғӯш кашида, меҳрубонона сари вайро сила мекарду мегуфт:
- Андрейка, Андрейкаҷон! Қаҳрамони ман!.. - Вай ниҳоят Андрейкаро аз оғӯш раҳо карда, ба чашмони ӯ нигарист. - Ана, дидӣ, боз вохӯрдем-а. Баъд аз қатъ гардидани алоқаи радио мо тамоман умедамонро аз шумоён канда будем, гумон кардем, ки ба даст афтодед. Хайрият, ки зиндаю саломат дидам. Дар отряд ҳама туро ёдоварию карда афсус меҳӯранд, ки «чаро Андрейкаро бо супориши душвору мураккаб ба Чернухино фиристодем». Ҳатто худи командири отряд баъди қатъ гардидани алоқаи ратсия худашро сарзаниш кард.
Андрейка, гӯё пас аз ҷудоии дурудароз бо падари худаш вохӯрда бошад, сарашро ба сандуқи дили Василий ҷафс карда, аз ҳисси хурсандӣ оби дида резонд. Баъд чашмонашро пок карда, оромона гуфт:
-
Ман нақшаи лагери асирони ҳарбиро овардам, зуд ба штаб расондан лозим, - вай нақшаро ба Василий Антонов дароз кард.
-
Штаби отряд кайҳо боз интизори ин нақша аст, Андрейка. Офарин! Акнун туро разведкачии ҳақиқӣ гуфтан мумкин. - Василий ба рафиқонаш рӯ овард. - Акнун ба роҳ бароем, рафиқон, тезтар ба отряд расида командирро бохабар кардан лозим, сиҳату саломат ба отряд баргаштани Андрейкаро қайд мекунем.
Василий ба Андрейка нигариста пурсид:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо