Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
-
Ту тайёр?
-
Ман тайёр, - ҷавоб дод Андрейка, - вале кампирро чӣ кор мекунем?
-
Кадом кампирро?
-
Анастасия Андреевнаро, ҳо ана, дар паҳлуи печка дар болои тахтакат хобидааст. Ӯ роҳ гашта наметавонад, дасту пояшро сарио зад.
-
Салом, Анастасия Андреевна! - гуфт Василий ба болои сари кампир ҳам шуда. - Мо аз шумо миннатдорем, хизмати шуморо ҳаргиз фаромӯш намекунем...
Анастасия Андреевна чашмонашро кушода, дар болои сараш Василий Антоновро дид ва бо овози ларзони кампиронааш оҳиста гуфт:
-
Ташаккур. Ман ҳам фарзанди ватан ҳастам ва танҳо қарзи фарзандиамро адо кардам. Шумо, писаронам дар ин ҷо бисёр моломол карда наистед, тезтар нақшаро ба штаби партизанӣ расонед. Агар дар вақташ ба Чернухино зада надароед, фашистон асирони ҳарбиро ё ба Германия мефиристанд, ё маҳв мекунанд...
-
Бале, шумо зудтар равед, - гуфт Евдокия Осиповна, - кампирро ман парасторӣ мекунам.
Анастасия Андреевна қоматашро рост карда, бо ишораи сар Андрейкаро назди худ хонд. Андрейка нарм-нарм табассум карда, назди кампир омад ва якбора худро ба оғӯши ӯ андохт. Анастасия Андреевна хеле аз сару рӯи Андрейка бӯсида, баъд аз оғӯши худ раҳо кард.
- Бачаи зирак, чолок ва боандеша ҳастӣ, дар ғайрат ва кордонӣ аз калонсолон камӣ надорӣ, Андрейкаҷон, - гуфт Анастасия Андреевна, - ин ҷиҳатҳои хислатат хубанд, лекин баъзан ошро аз қайла мегузаронӣ, яъне дар мавриди зарур набудан ҳам ҷонатро ба хатар гузошта, ба кори хатарнок даст мезанӣ. Инаш изофа,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо