Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

писарам. Боз якдигарро диданамон гумон аст, бинобар он ман бо ту видоъ карда, ҳамчун модар таъкид мекунам, ки худатро эҳтиёт кун, бе иҷозати командир ё рафиқони калонсолат ба ҳар ҷо сар халондан нагир. Вақте ки ҳамроҳи ман будӣ, ба ин кор роҳ намедодам, акнун, ки аз ту ҷудо мешавам, гапамро ошкоро мегӯям ва мехоҳам, ки ба маънои суханҳои ман чуқуртар сарфаҳм равӣ ва дар ҳар лаҳза эҳтиёт бошӣ.

Кампир аз пешонии Андрейка гаштаю баргашта бибӯсид ва баъд ба Василий рӯ овард: - Он чи ки ман ба Андрейка гуфтам, ба Кононенко расонед. Ман аз ӯ хоҳиш мекунам: аз Андрейка бохабар шуда истад, ӯро эҳтиёт кунад.

  • Писарбача ояндаи калон дорад. Шахсан ту, Василий, Андрейкаро ба зери назорати худ гир, ҳаёташро нигоҳ дор! Хайр то дидан!

  • Ӯро аз худам ҷудо намекунам, Анастасия Андреевна, бовар кунед!

  • Хайр!

  • То дидан!

IX

Маруся баъди ба даст афтондани ҷонишини коменданти истгоҳи Чернухино Генрих тамоман Лукашиноро тарк карда, ба отряди партизанӣ омада буд. Вай ба маркази ноҳияҳои Лиман ва Ровенск, деҳаҳои Белолутс, Кремен, Лозовой ба разведка рафта, алоқаи партизанҳоро бо ташкилотҳои пинҳонии ҳизбӣ барқарор ва ба воситаи онҳо ахбороти Бюрои иттилоотии шӯравиро дар бораи аз тарафи Артиши Сурх озод кардани деҳоту шаҳрҳои Луганшино, Донбасс ва Сталино дар байни аҳолӣ паҳн мекард. Пештар Маруся духтари серханда буд, чашмак задаю қош парронда гап мезад, ки ин ба чеҳраи банураш

пешина
аз 349
навбатӣ