Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Хайр ҳафа нашав, - тасаллӣ дод Меҳтар, - ҳамроҳ ӯстуҷӯ мекунем.

Дар ҳамин вақт Илёс ба тарафе даст дароз карда, фарёд намуд:

  • Ана Ҳаёт....Ҳаёт!

Ҳаёт аз дасти Иззат маҳкам дошта гирифта ва ба ҳар тараф сар ҷунбонда бозӣ карда меомад.

  • Медонӣ, чӣ? - гуфт Иззат, вақте ки бо Ҳаёт наздик омад. - Ман кайҳо аз хонаамон баромада ба хонаатон рафтам. Модарат аз ту шикоят карда гуфтанд, ки бегоҳӣ меҳмон меояд, барои харидкунӣ ба бозор равам гӯям, Ҳаёт танҳо, Кибрӣ бошад, гап назада баромада рафтааст.

  • Баъд чӣ шуд? - пурсид Меҳтар.

  • Хоҳиши одами аз худам калонсолро рад накардам, бачабон шудам. Дидам, ки вақт хеле гузаштааст, «ба Кибрӣ дурӯғгӯӣ нашавам» гуфтаму Ҳаётро бардошта ба ин ҷо омадам.

пешина
аз 349
навбатӣ