Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ГАЗЕТАИ ДЕВОРИ НАБАРОМАД
-
Бастӣ! Бастӣ!
Бастӣ дар паси парта нишаста, гӯё ҳеҷ чизро намешунида бошад, овоз намебаровард, китоб варақ мезад, вазифаҳои дар хона тайёр кардагиашро бори дигар месанҷид. Вай фарёдзанандаро аз овозаш шинохт. Ин Розиқ буд, ҳамон Розиқе, ки дар гап задан, ба қавли одамони калонсол, устухон надошт, ба ҳар кас лақаб мемонд, мазоҳ мекард. Бастиро вай «амаки Бас-бас» номида, эзоҳ дода буд: «Ин лақаб ба Бастӣ аз рӯи номаш дода шуда бошад ҳам, ба ӯ намезебад, чунки вай бачаи харобакаки шармгин аст. Агар тануманди ландаҳур мебуд, чунон мезебид, ки мондан гиред». -
Бастӣ! - боз шунида шуд овози Розиқ. Ин дафъа Бастӣ китобу дафтарҳояшро ғундошт, вале боз овоз набароварда дар ҷояш нишастан гирифт. Чӣ мегуфта бошад Розиқ? Эҳтимол, ягон лақаби дигар ёфта бошад: - мансуб ба лоғарӣ, шармгинӣ, нодонӣ? Вай чӣ хел ба ин кор ҷуръат мекунад? Охир, Бастӣ ҳамин сол ба ин мактаб омад ва бори аввал бо ӯ дар як синф хонда истодааст. Дигарон ҳам ӯро кам медонанд.
Розиқ бо савлат дарро кушода, ба синф даромад ва бо чашмони танги кабудаш ба рӯи Бастӣ синча карда, бо оҳанги ҷиддӣ ба гап сар кард, ки он боз ба ҳазлу мазоҳ гузашта рафт:
- Чӣ, тобат нест? Сиҳат шудӣ? О-ҳо! Барои он ки...Худат медонӣ-ку, амаки Бас-бас. Ҳамин, ки мо туро «амаки бас-бас» номидем, ҳама чизи бад аз ту дур шуд.
Бастӣ хомӯш буд ва ба Розиқ нигоҳ ҳам намекард, гӯё ҳазлу мазоҳҳои ӯ ба вай дахл надоштанд. Дар ҳамин вақт ба синф раиси шӯрои отряд Ҳамид даромада омад ва салом ҳам надода, аз Бастӣ пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё