Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Дарсҳоро тайёр кардӣ?
  • Ҳа, - гуфт Бастӣ ва ба ҳар ду - Розиқу Ҳамид як нигоҳ карда, маъюсона ба берун баромада рафт.
  • Аз Бастӣ умеде нест, - гуфт Ҳамид. - Дирӯзакак баҳои «2»
    гирифт, акнун базӯр «3» мегирифтагӣ шуда, бо ҳамин қаноат карда гаштааст.
  • Ин ҳам, медонӣ, бо кадом роҳ? Фақат ба воситаи азёдкунӣ,
  • фаҳмонд Розиқ. - Камтар вақт нагузашта, боз «2» гирифтан мегирад. Хабари дар газетаи девории отряд навиштаи ман хеле дар вақташ мебарояд. Дар ҳамин вақт садои занги аввалин шунида шуд. Ҳама ба синф даромаданд. Розиқ як дақиқа дудила шуда, баъд давида аз синф баромад, бо ҳамин ният, ки муаллим наомада, газетаро оварда ба девор овезад. Вале натавонист. Аз паси муаллим ба синф даромада, вай узрхоҳона гуфт:
  • Газетаи деворӣ овехтан даркор буд... Муаллим Ибронов аз кимиё дарс медод, ки ин барои хонандагони синфи 7-уми «Б» фанни нав буд. Ибронов газетаи девориро, ки печонида шуда буд, аз дасти Розиқ гирифта кушод ва сарлавҳаи хабарҳоро тез ва рӯякӣ хонда баромад.
    Вале хабари охирин дар таҳти сарлавҳаи «Амаки Бас-бас, бас-бас»! диққати ӯро ба худ ҷалб намуд.
пешина
аз 349
навбатӣ