Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

-Кафшам канӣ, очаҷон?
Модараш ҳайрон шуд:

  • Кадом кафшат?
  • Як... як кафши дигар доштам-ку?
  • Кӯҳнааш-мӣ? Вай дар қафои ҷевон.
  • Ҳамонро гирифта деҳ.
  • Кафши нават-чӣ? - ҳайрон шуда пурсид Тоҷихон.
    Райҳон ҷавоб надод. Тоҷихон медонист, ки агар духтараш ба савол ҷавоб надиҳад, албатта, ягон гуноҳ кардааст. Ӯ ба атроф нигоҳ карда, кафши нави духтарашро дар назди печка дид. Яктоаш шип-шилта тар ва онро пӯшидан мумкин не.
  • Чаро кафшатро тар кардӣ, духтарам? - пурсид Тоҷихон.
    Райҳон дид, ки сир ошкор шуд, ханда карда ба модараш рӯ оварда гуфт:
  • Афтидам...
  • Оббо, шӯхча-е! - гуфт Тоҷихон сари духтарашро сила карда ва кафши кӯҳнаашро ёфта, бо нармӣ илова кард: - Пӯш, боз ба тамошо дер нашавад.
    Райҳон хурсанд шуд ва зуд кафшашро пӯшида, бо модараш ба тамошо рафт.
    Вақте ки концерт тамом шуду ба хона баргаштанд, Тоҷихон ба шавҳараш дар бораи аз боғча дер омадани Райҳон, ба об тар кардани кафшаш ва ӯро ба концерт бурда, тамошо доданаш ҳикоя карда дод.
    Аҳмадҷон муомилаи нисбат ба духтараш аз ҳад зиёд навозишкоронаи Тоҷихонро на фақат маъқул надонист, балки ӯро барои ин рафтораш сарзаниш кард:
  • Нигоҳ карда ист, аз ин гуна тарбия ва эркакуниҳо. Охир худат пушаймон мешавӣ.
  • Оббо, - гуфт Тоҷихон мад кашида, - яккаю ягона духтар дорему акнун баҳудаю беҳуда ӯро сарзаниш мекардем. Ҳеҷ гап не, калон шавад, ақлаш даромада дуруст мешавад.
пешина
аз 349
навбатӣ