Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Пагоҳии рӯзи дигар Тоҷихон Райҳонро ба наздаш фарёд кард.

  • Биё, духтарам, ман ба ту либосҳои нав пӯшонам. - гуфт вай ва Райҳонро ба сари зонуяш шинонд. Ба ӯ куртаи нави шоҳӣ, кафшчаи зебое пӯшонд, мӯйҳои парешонашро шона карда, лентаи сурх баст.
  • Дада, ана лоло, - Райҳон куртаи навашро ба падараш нишон дода, хурсандӣ кард...
  • Ту духтари шӯх, беодобӣ мекунӣ, - гуфт падараш Аҳмадҷон ва ӯро ба оғӯш гирифта, пурсид: - Боз қайчибозӣ мекунӣ?
    Аз ин ду рӯз пеш Райҳон қайчибозӣ карда истода, ресмонҳои кафшчаи навашро бурида ва Аҳмадҷон барои ин кораш ӯро нағзакак танбеҳ дода буд.
    Райҳон танбеҳро ба хотир оварда, зуд ҷавоб дод: -Не!
  • Барои кори беаҳамият бачаро озор надиҳед, - гуфт Тоҷихон ба рӯи миз дастурхон паҳн карда. - Натарс, духтарам. Минбаъд ман намемонам, ки дадаат туро ата-та кунанд.
  • Борҳо гуфтаам, ки ин хел нагӯй. Набошад ҳар чӣ ки ба дасташ афтад, реза-реза карда мепартояд, - Аҳмадҷон боз ба занаш таъкид карда, бо радио машғул шуд, то ки консерт шунавад. Дар ин вақт Райҳон тозон-тозон рафта, аз пеши мошини дарздузӣ қайчиро гирифт ва «лоло, лоло» гӯён номаълум як нӯги домани куртаи модарашро қайчӣ кард. Аҳмадҷон инро дида:
  • Ана кору мана кор, - гуфт бо овози баланд ва ба Тоҷихон куртаашро ишора карда пичинг зад: - Дидӣ, очаи духтар, эркачат чӣ корномаи нав нишон дод.
  • Духтари ганда! - гуфт Тоҷихон бо қаҳр ва духтарчаашро як торсакӣ зад.
    Овози гиряи Райҳон баланд шуд.
  • Гуноҳи худат, одам ҳар кори кӯдакро тарафдорӣ кардан намегирад.
пешина
аз 349
навбатӣ