Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан- Ман хурд ҳастам, бобо, ба дарахт баромада наметавонам.
- Ба дарахт баромадан шарт не.
- Чӣ хел?
- Баъд мефаҳмӣ, - гуфт бобо ва ҳамроҳи наберааш ба соҳили дарё, ки деҳаро ҳалқа зада мегузашт, рафт. Бобо аз буттаҳо ҳимча мебурид, Шодӣ онҳоро ҷамъ мекард.
Бобо аз ин ҳимчаҳо сабати бетаг бофт, ки ин Шодиро ба ҳайрат овард.
- Чаро сабати бетаг бофтед, бобо? - пурсид Шодӣ.
- Баъд мефаҳмӣ, - номуайян гуфт бобо ва сабатро ба таги дарахти чормағз, ки он дар канори деҳа, дар наздикии хонаашон буд, бурда монд.
Нисфи шаб ба ин ҷо хирс омад. Вай ба дарахти чормағз баромада, муддате чормағзеро афшонд. Сонӣ боз ба поён фуромад ва чормағзҳои афшондаашро ба сабат андохтан гирифт. Ин кори ӯ то пагоҳӣ давом кард. Вақте ки бобою набера ба сӯи дарахти чормағз мерафтанд, Шодӣ баногоҳ хирсеро дид, ки сабати холиро пуштора карда мерафт.
- Хирс! - қариб буд фарёд кунад Шодӣ, вале дар пуштораи ӯ сабатро дида, тааҷҷуб кард: - Ин сабати мо, чаро вай?..
- Баъд мефаҳмӣ, - гуфт бобо сухани Шодиро бурида ва тез-тез қадам монд.
Онҳо ба назди дарахти чормағз омаданд. Ба ҷои сабат як тӯда чормағз буд.
- Ана, акнун фаҳмидӣ, - гуфт бобо ба наберааш, - хирс ба ман чӣ хел мадад мерасондааст: чормағзҳоро афшонд, баъд ҷамъ карда ба сабат андохт, аммо чормағзҳоро монду сабати холиро гирифта рафт. Шодӣ қоҳ-қоҳ зада хандид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё