Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан
  • Духтарат аз кори бади худ тавба кард ва ба ман ваъда дод, ки пас аз ин аз гуфтаи падару модараш намебарояд, бе ҷавоб ба ҳеҷ ҷо намеравад ва духтари боақл будани худашро нишон медиҳад. Ту ҳам акнун аз вай қаҳр накун, ба боғча ва ба мураббиҳояш хабар надеҳ, хуб?

  • Хайр... — гуфт Тоҷихон ва ба духтараш муроҷиат кард, — ин гап рост? Тавба кардӣ? Ё не?

  • Тавба! — гуфт Райҳон ва аз ҷояш хеста ба гардани модараш часпид. Ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бӯсидани модару духтарро дида, Аҳмадҷон бо қаноатмандӣ пай бурд, ки Тоҷихон ҳам айби худро ҳис карда, аз муомилаҳои аз ҳад зиёд навозишкоронаи худ нисбат ба духтараш пушаймон аст.

МАДАДГОРОНИ БОБО

Шодӣ нав панҷсола шуда бошад ҳам, ба бисёр корҳо сарфаҳм мерафт. Шодӣ бобои ҳафтодсолае дошт. Ӯро Салимбобо меномиданд. Бобо ба Шодӣ ҳикояҳои аҷоибу ғароиб гуфта медод, вайро ҳамеша ҳамроҳаш гирифта мегашт. Аз ин кори бобо Шодӣ беҳад хурсанд буд.

Боре, вақте ки замони ҷамъоварии ҳосили чормағз расид, Шодӣ ба назди бобо омад ва дарахти калони чормағзро нишон дода гуфт:

  • Бобо, шумо чӣ хел ба ин дарахт мебароед?

  • Чаро ба дарахт мебаромадаам? — пурсид дар ҷавоб бобо.

  • Набошад чормағзро чӣ хел меафшонед?

  • Дар ин кор ба ман ту ёрӣ медиҳӣ, дигарон ёрӣ медиҳанд.

пешина
аз 349
навбатӣ