Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хонданШОНАСАРАК
Боре дар рӯзи баҳорон шонасараке ба дарахти тут нишаста, ба танаи он нӯл задан гирифт. Ман аз вай чанд дақиқа чашм наканда истодам. «Тук-тук, тук-тук» беист садои нӯлзании шонасарак шунида мешуд.
- Вай чӣ кор карда истодааст? - пурсидам аз рафиқам Сироҷ.
- Эҳтимол, барои худаш лона созад, - ҷавоб дод ӯ.
Як вақте ба назди шонасарак майна парвоз карда омад.
Вай ба шонасарак ким-чӣ (аз афташ малах буд) дода, боз парвоз карда рафт. Дақиқае нагузашта дигар майна омад ва он ҳам ба шонасарак ким-чӣ дод. - Аҷаб, - гуфтам ба рафиқам, - шонасарак барои худаш лона месозаду лекин...
- Надонам, - гуфта монд рафиқам, - эҳтимол, ҳамроҳ надошта бошад, майна аз раҳму шафқат ба ӯ хӯрок дода истодааст.
Мо дар рӯи суфа рӯ ба боло дар кӯрпача дароз кашида, мушоҳидаамонро давом додем. Баногоҳ аз шохи дарахти тут овози шонасараки дуюм шунида шуд. - Эҳ, ҳамроҳ доштааст-ку! - гуфтам ман ба Сироҷ.
- Пас, чаро вай хӯрок оварда намедиҳад?
- Кӣ медонад, - гуфт Сироҷ. - Нигоҳ карда истем, ҳамаашро мебинем.
Он ду майна бошанд, дам нагирифта ба шонасарак хӯрок оварда медоданд. Чӣ қадар вақт гузаштанашро нафаҳмида мондем, танҳо дидем, ки шонасараки дар шохи дарахт буда паст фуромада, ҳамроҳашро иваз кард.
«Онҳо ба навбат кор мекардаанд, - пай бурдам ман, - яке дам мегирифтаасту дигаре кор мекардааст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё