Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шонасараки дуюм ҳам ба танаи дарахт бо ғайрат «тук-тук» нӯл мезад, майнаҳо бошанд, дам ба дам ба ӯ хӯрок оварда медоданд. Баногоҳ аз тори дарахт овози шонасараки якум баланд гардид. Шонасараки дуюм ба атроф як саросема-саросема нигоҳ карда, баъд так-таки дарахтон ба сӯи ҳавлии ҳамсоя парида рафт.

— Чаро корашро бас кард? — дар ҳайрат монда пурсидам аз рафиқам ва ногоҳ назарам ба боша афтод, ки дар болои ҳавлии мо ҳамвор парвоз мекард. Ман рафиқамро нихта кардам: — Ана, шонасарак аз кӣ гурехта будааст.

Бошаро Сироҷ ҳам дид ва аз ҷояш хест. Ман ҳам қомат рост кардам.

— Медонӣ чӣ? — гуфт Сироҷ, — як шонасарак кор мекардасту дигаре дам гирифта истода, дидбонӣ мекардааст, то ки дар мавриди пайдо шуда мондани душман ҳамроҳашро огоҳ намояд.

— Ман ҳам инро пайхас кардам, — гуфтам ба Сироҷ. — Вале як чиз ба ман номаълум монд: чаро ба онҳо ин ду майна хӯрок оварда медиҳанд?

— Инашро ман ҳам намедонам, — ҷавоб дод Сироҷ, — мушоҳидаамонро давом диҳем шояд фаҳмида гирем.

Ҳарду шонасарак се рӯз кор карданд, се рӯз ду майна онҳоро бо хӯрок таъмин намуданд. Баъдтар мо дидем, ки дар шикофии тайёр кардашуда шонасарак не, балки майна зиндагонӣ мекунад.

пешина
аз 349
навбатӣ