Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зери ранҷ бувад ганҷҳои пинҳонӣ.
Ранҷ чун одат шавад, осудагист.
Касеро сазад ганҷ, к-ў дида ранҷ.
Корро адо кун, баъд иддао кун!
Ранҷи сахт калиди бахт аст.
Коргарро дар кор тавон шинохт.
Кори нокардаро музд набошад.
Ранҷи мо–ганҷи мо.
Русурхии одам кор аст.
2.ҲУНАР
Гуҳар кай шуморӣ ту беш аз ҳунар,
Зи баҳри ҳунар шуд гиромӣ гуҳар.
Абўшакури Балхӣ
Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.
Туро бо ҳунар гавҳар асту хирад,
Равонат хаме аз ту ромиш барад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҷавонони донандаи богуҳар
Нагиранд бе озмоиш ҳунар.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳунар беҳтар аз гавҳари нобакор,
Ки гирад туро марди донанда хор.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чу пурсанд пурсандагон аз ҳунар,
Нашояд, ки посух диҳӣ аз гуҳар.
Ҳар он кас, ки ҷўяд ҳаме бартарӣ,
Ҳунарҳо бибояд ба д-ин доварӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳунар бартар аз гавҳари нопадид.
Абулқосими Фирдавсӣ
Мард ба ҳунар ном гирад.
Абулфазли Байҳақӣ
Бо мардуми беҳунар дўстӣ мадор, ки мардуми беҳунар на дўстиро шояд ва на душманиро.
Унсурулмаолии Кайковус
Ҳеч ганҷе беҳ аз ҳунар нест.
Унсурулмаолии Кайковус
Тавонгартар он кас, ки хурсандтар,
Чу волост он, к-ў ҳунармандтар.
Асадии Тўсӣ
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ў гаҳ заръ, гоҳе бўстон аст.
Носири Хусрав
Андар ҷаҳон чу беҳунарӣ айбу ор нест,
Бо фахру бо ҳунар зию бе айбу ор бош!
Сўзании Самарқандӣ
Бешӣ зи ҳунар талаб, на аз мол!
Авҳадии Анварӣ
Ҳунар омўз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ!
Низомии Ганҷавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё